АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ БИСТУ НУҲУМ
Саидалӣ аз танбеҳи Восеъ дар назди шарикони худ мулзам шуда, нафсаш коҳида буд. Вай ба аспи қаҳру ситеза савор шуд. Хост ба шариконаш нишон диҳад, ки соҳибихтиёр аст ва аз Восеъ наметарсад. Нафсонияташ ӯро ба ғоратгарии наве кашид.
Вай аз «Боғи мир» фуромада, дар шаҳр боз дигар шарикони содиқашро гирд оварда, чанде аз ҳамқишлоқҳои худро низ аз роҳ бароварда, бо ҳамроҳи онон қад–қади оби Талхак ба кӯҳҳо баромада рафт.
Кори Саидалӣ ба нақшаи Восеъ лат дод: юруши ба Кангурт дар зери хатари барбодравӣ монд. Бо вуҷуди ин Восеъ бо шитобу ҷадал қувваҳои боқимондаашро ҷамъ карда ба тарафи Кангурт бурданӣ шуд.
Аммо дар ин миён як ҳодисаи нави хилофи интизор рӯй дод: дар байни шӯришгарон овоза паҳн шуд, ки Остонақул–қушбегӣ аз Ҳисор бо лашкари гароне баромада ҳоло ба Вахш наздик расидааст; бек Мирзоакрами мирохӯр низ аз Кангурт ба тарафи Балҷувон ҳаракат намудааст, инчунин мири Кӯлоб ҳам ба болои Балҷувон лашкар кашида омада истодааст...
Дар байни шӯришгарон воҳима хест. Як қисми онҳо ба ҳар сӯ пароканда гардиданд, дигарҳошон мутараддид шуда монданд. Восеъ дурӯғ будани овозаи паҳншударо медонист – дидбонҳои ба роҳи Ҳисор, Кангурт, Кӯлоб фиристодаи ӯ хабар медоданд, ки дар он тарафҳо ҳаракати сарбозон дида намешавад. Вай бо эълони дурӯғ будани овоза қисми зиёди шӯришгаронро аз пароканда шудан боздошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол юруши ба Кангурт номумкин гардид: бо он қувваи костае, ки баъд аз гурехтани Саидалӣ ва пароканда шудани як қисми шӯришгарон боқӣ монда буд, ба Кангурт ҳуҷум кардан хавфнок буд. Аммо беҳаракат истодан ҳам хатар дошт, зеро дар ин сурат шӯришгарони боқимонда низ метавонистанд пароканда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор