Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Муридон бо ин нишонаҳо ӯро дар байни шӯришгарон пайдо карда назди Саидасрор бурданд.
Кабир ҳам монанди бисёрии шӯришгарон аз овозаи лашкаркашии қушбегӣ ва аз тақдири худ дар биму ҳарос монда буд, илова дар ин баъд аз гурехтани бек ва амалдоронаш имконияти хабаркашӣ наёфта, мутараддид монда, аз қасамзада шудан метарсид. Барои як нафар деҳотии ҷоҳили дар қайди хурофот монда сахттар аз ин тарсеву биме нест, ки ӯро Каломи Шариф занад. Бинобар ин, шайх ва девонбегӣ тавонистанд ӯро бо осонӣ фармонбари худ созанд.
Восеъ бо дидбону посбонҳои худ сари роҳҳои даромаду баромади шаҳрро банд карда буд, аммо Кабир ҳамчун одами худӣ аз пеши онҳо бе мамониат гузашта метавонист. Ба шайх ва девонбегӣ ана ҳамин даркор буд.
Фавран ба номи ҳокими Балҷувон хате навишта, ба дасти Кабир дода, ӯро дар аспи бодпое нишонда шабона ба Кангурт равона карданд. Дар хат навишта буданд, ки:
мо бо фалон ва фалон овозаҳои бардурӯғ шӯришгаронро тарсонда, ба пароканда кардани як қисми онҳо муваффақ шудем, аз ҷумла сарони шӯриш «Саидалии дузд» бо шариконаш Ҳамродиёнро тороҷ карда гурехт, ҳоло дар шаҳр шӯришгарон бисёр нестанд ва илова бар ин, мутараддиду парешонхотир ҳам мебошанд, бинобар ин, ҷаноби бек агар бе таъхир ба Балҷувон ҳуҷум оранд ва шабохун зананд, бешакку шубҳа зафар хоҳанд ёфт...


Восеъ рӯзи дигар дар қиёми офтоб ба деҳаи калони соҳили Вахш–Тутқавули амлокдорнишин расид.
Нозим ва Ризо ҳамроҳи ӯ буданд.
Амлокдор аз омад–омади Восеъ ба чи воситае хабар ёфта, ба тарафи Қизилмазор гурехта будааст.

пешина
аз 471
навбатӣ