АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ ҳис мекард, ки бори гарони ғамаш сабуктар гашт.Гапҳои содаи меҳрангези Аноргул, чақчақи ӯ барои Восеъ ҳамеша хуш асаре доштанд, дилнавоз буданд…
БОБИ СЕЮМ
Аноргул ва Гулъизор бачаҳоро гирифта ба боғ рафтаанд, дар он ҷо онҳо ғуноҷин ва бузи оча–бачаро мепоянд, барои самбӯсапазӣ алаф мечинанд. Ҳавлӣ ором ва хилват.
Восеъ ҷувоз мекашад. Дар чуқурии ҷувозхонаи нимторик гови чашмбаста соатест, ки давр мезанад. Ғиҷ–ғиҷи тиру кундаи ҷувоз оромӣ ва сукутро аёнтар месозад.
Дили Восеъро фикру хаёлҳои изтиробангез мехарошанд. Пули ҷаримаи сабилмондаро чӣ тавр, аз куҷо бояд пайдо кард? Бақияи қӯшпулӣ, танобпулӣ, мирона, ноҳақона ва ғайраро чӣ гуна бояд адо кард? Магар ин ки аспашро фурӯшад?.. Не, бе асп мондан хуб нест. Ё ҳамин гови ҷувозкашашро фурӯшад? Он гоҳ ҷувозхонаро – ин манбаи ризқу рӯзии оилааш, кӯдаконашро бастан лозим меояд. Ё боғро?.. Ё балки боғ, ё ҳавлӣ, ё замини худро ба гарав монда аз ягон бой, судхӯр, амалдор ба фоида пул қарз бигирад? Аммо ин навъ қарз аз ҷаримаи амлокдор ҳам сад бор бадтар аст, ки рафта–рафта қарздорро кафангадо мекунад... Лаънат, сад лаънат ба ин доруғаи шум! Оё зарур буд, ки ӯ, Восеъ, бо он нобакор даст ба гиребон шавад? «Шояд, ки зарур набуд, аммо аз тарафи дигар, даст ба гиребон нашудани ман мумкин ҳам набуд. Охир, он лаънатӣ ба ҷони ҳама расонд, ба ҳама, ба хурду калон сагворӣ меҷакад, ҳамаро мегазад!»...
Хаёлоти Восеъро ғиҷирроси дарвоза ва баъд шарфаи пойи касе қатъ кард. Восеъ гумон кард, ки Аноргул бо бачаҳо аз боғ омадагист, ё шояд Қосим, ки аспи бародарашро савор шуда ба осиё рафта буд, баргашта бошад. Аммо аз дари кушодаи ҷувозхона мардеро дид, ки ҳаргиз дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё