Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Кабир? – ҳайрон шуд Восеъ.
– Баъде, ки ту Балҷувонро гирифтӣ, вай аз Балҷувон ба Кангурт рафт, ба ҳоким хабар бурд, ман ӯро дар Кангурт бо чашми худам дидам. Кабирро биёр, ман ҷосусии ӯро дар пеши рӯйи худаш исбот мекунам.
Ҷобир ҳақиқатан Кабирро дар Кангурт дида буд. Чун баъди Балҷувонро гирифтани Восеъ дар деҳу дараҳо мардум амалдоронро гирифта мезаданд ва ҳатто мекуштанд, доруға тарсида ба Кангурт гурехт. Дар он ҷо ба қатори навкарони бек даромада хизмат кард. Вай Кабири бо мактуби шайх ва девонбегӣ ба Кангурт омадаро на фақат дида буд, балки аз бек инъом гирифтани ӯро ҳам медонист.
Бек пеш аз юриши худ ба Балҷувон Кабирро пас гардонда фиристода буд.
Восеъ ба хотир овард, ки Кабир як шаб аз Балҷувон ғоиб шуда, рӯзи дигар бегоҳи пайдо гардид. Вақте ки сабаби ғоиб шуданашро пурсиданд, гуфт, ки ба Дараи Мухтор рафта аз оилааш хабар гирифта омад. Восеъ ба вай бовар кард. Маълум мешавад, ки дурӯғ гуфта будааст? Наход, ки вай дар ҳақиқат ҷусуси бек бошад?
– Кабир ҳозир дар куҷост? – пурсид ӯ аз Ҷобир.
– Дар ҳамин ҷо, дар хонааш, – ҷавоб дод Ҷобир. – Аз омадани ту пештар ман ӯро дар даҳани дарвозааш дида будам.
Бо фармоиши Восеъ ду одами ӯ ба хонаи Кабир давиданд, аммо ӯро наёфта баргаштанд. Занаш гуфтааст, ки ӯ навакак баромада ба Шаҳидон рафт.
Доруға бовар накарда гуфт:
– Ман вақти пешин ӯро дида, гап зада будам, ба Шаҳидон рафтанӣ набуд, лаънатӣ тарсида пинҳон шудагист. Рухсат бидеҳ, Восеъ, ман қати одамони ту биравам ӯро кофтуков кунам.

пешина
аз 471
навбатӣ