Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ рухсат дод. Ҷобир бо ҳамроҳии одамони Восеъ ба ҳавлии Кабир рафта, кофтуков карда, вайро аз каҳдон пайдо намуд. Мардак дар даруни хошок пинҳон шуда хоб карда буд. Ӯро кашон–кашон ба майдони лаби сангоб ба назди Восеъ оварданд.
– Ас...ассалом–алайкум. – Кабир меларзид; олудаи хасу коҳ, пойлуч ва сарлуч, рангаш парида буд. Саломи ӯро касе алек нагирифт. – Восеъ! Доруға аз аввал душмани ту буд, – гуфт Кабир, – ӯ аз барои ҷони худашро халос кардан ба ман туҳмат карда истодааст, наход, ки ту ба гапаш бовар кунӣ?
– Пас чаро ту пинҳон шудӣ? – пурсид Восеъ.
– Пинҳон... ман пинҳон нашудаам, ман ҳезум... дар дар каҳдон ман... ҳезум шикаста истода будам...
Восеъ ба доруға амр кард:
– Гап бизан!
– Он ту набудӣ ки, – гуфт доруға ба Кабир, – Восеъ Балҷувонро гирифтан баъд савора ба Кангурт омадӣ? Ман дар даҳани дарвозаи амлокдорхона бо як сарбоз гап зада истода будам, ту аз асп фуромада ба дарвоза даромаданӣ шудӣ, дарвозабон туро нигоҳ дошт, ту гуфтӣ: «Ман аз Балҷувон, аз пеши девонбегӣ омадам, ба ҳоким гап дорам»; дарвозабон номатро пурсид, ту гуфтӣ: «номам Кабир, бирав ба ҳоким бигӯ, ҷаноби ҳоким маро мешиносанд». Дарвозабон як навкарро ба дарун ба пеши бек фиристод, ман ба наздики ту рафта гуфтам: «Ҳа, падарлаънати ёғӣ, ту дар ин ҷо чӣ кор карда гаштаӣ?», ту дастатро ба даҳонат карда гуфтӣ: «Дам! Дур шав, номи маро нагир! Ту маро надидӣ, ман туро!» Баъд навкар баромада туро ба дарун бурд. Вақте ки ту аз амлокдорхона баромадӣ, дар дасташ бӯғча буд; равон шудӣ, ман аз ақибат рафта туро дар пушти миршабхона нигоҳ дошта: «Дар бӯғчаат чӣ дорӣ? Аз ҳоким сарупо гирифтӣ магар?» гуфта, як лаби бӯғчаатро кушода нигоҳ кардам, дар дарунаш ҷомаи алоча ва мӯза буд, ман ҳазл карда гуфтам: «Ҷома ё мӯзаро ба ман бидеҳ!

пешина
аз 471
навбатӣ