АХТАРОНИ АДАБ

Ҳоҷӣ Яъқуб мударрис Муллосафарро дар ҳуҷраи мадраса ҷой дода, худаш дарҳол ба қалъа шитофт. Ӯ ба мирохӯри ҳоким: «Шодиёна диҳед, ҷаноби бек, изи Восеъ ёфт шуд!» гуфта бо Муллосафар мулоқот карданаш ва бо ҳилаву тадбир аз вай гап гирифтанашро хурсандонаву худписандона нақл кард ва хабар дод, ки Восеъ дар Ёхсуи боло ба паси обпарҳо пинҳон шудааст.
Бек худи ҳамон бегоҳ Давлат қаровулбегиро бо шаст нафар сарбози саропо мусаллаҳ ба Ёхсу равон кард.
Давлат беист роҳ паймуда, баъди нисфи шаб ба Ховалинг расид. Дар он ҷо ӯро ҳеҷ кас пешвоз нагирифт: калонон ва «муътабарон»–и шаҳр дирӯз дар вақти ҳуҷуми Восеъ ё кушта шуда ё ки гурехта буданд. Ба кадом тараф рафта пинҳон шудани Восеъро ҳеҷ кас аниқ намедонист.
Давлат гумон кард, ки эҳтимол вай боз ба Ёхсуи боло, ба қароргоҳи пасиобии худ баргашта бошад.
Сарбозон пас аз дамгирии яксоата боз ба роҳ афтода, нисфирӯзӣ ба Сари Обпар расиданд. Онҳо фавран деҳа ва обпарҳоро муҳосира карданд. Аммо ба зудӣ маълум шуд, ки Восеъ дар он ҷо набудааст.
Як нафар рақиби дерини арбоб Юнус, ки ҳаракат дошт амали ӯро бигирад, Юнусро ба Давлат дошта дод. Сарбозон ӯро ҳамроҳи писараш аз хонааш кашола карда бароварданд, зада–зада назди саркардаи худ оварданд. Қароргоҳи Давлат дар саҳни масҷиди деҳа буд. Бо фармони ӯ сарбозонаш ба сари арбоб Юнуси сиёҳбахт кунҷола пӯшонда алов сар доданд. Мардак даступозанон бо доду фарёди ҷигархарош месӯхт, то он ки кам–кам фарёдашро ҳам алангаи оташ фурӯ бурд. Писари чордаҳсолаи арбобро худи Давлат ба гулӯяш ханҷар зада кушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор