Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бошандагони Девлох аксарашон чӯпонҳо – тарафдорони Восеъ буданд ё бевосита дар шӯриш иштирок доштанд, онҳо Восеъро ҳамроҳи Давлат Айюб, Зоҳир ва боз чор шӯришгари дигар паноҳ дода пинҳон карданд. Ёрон дар меҳмонхонаи яке аз тарафдорони Девлохии Восеъ манзил гирифта буданд.
Аз байн се рӯз гузашт, рӯзи чорум ба ногоҳ дар деҳа Муҳаммадалӣ, ҳамон Муҳаммадалие, ки дар вақти ҳуҷуми бемуваффақияти Восеъ ба зиндони Балҷувон бо ҳамроҳии Одина ба дасти сарбозони бек асир афтода буд, пайдо гардид. Ёрон аввал ӯро нашинохтанд: Муҳаммадалӣ ришу бурути пештараи дароз ва анбуҳашро бетартибона қайчӣ зада кӯтоҳ карда, ба сараш телпаки қазоқии нимпӯсида ва мӯрехтаеро пӯшида буд, дар рӯй ва гарданаш чандто захми сиёҳу чиркин дошт ва ба як пой лангида бо асои дарози аз қади худаш дарозтар роҳ мерафт.
Бинанда ӯро гадо ё дарвеш гумон мекард. Баъд маълум шуд, ки лангии пояш сохта будааст. Ин деҳқони миёнаҳол ва миёнсоли бачкаконӣ аз аввали шӯриш то рӯзи дастгир шуданаш ҳамроҳи Восеъ буд.
Муҳаммадалӣ нақл кард, ки ҳоким ӯро ҳамроҳи Одинаи маҷруҳ ба зиндон андохт, дар зиндон вай бо Нозир, Нозим ва дигар шӯришгарони маҳбус вохӯрд, бо як азобу машаққат ва хатари ҳалокат аз зиндон гурехта, ду шабу ду рӯз дар камари кӯҳҳо ва ғорҳо пинҳон шуда гашт, пояшро ланг сохт ва ба ришу буруташ қайчӣ зада, чанд ҷойи рӯй ва гарданашро бо лахчаи оташ сӯзонда захмӣ карда, ба захмҳо хокистар пошида, қиёфаашро тағйир дод, то ки ӯро нашиносанд. Шаби сеюм ба Дараи Мухтор омада Восеъро суроғ кард. Маҳмадини боғчагӣ ҷойи пинҳоншудаи Восеъ – деҳаи Девлохро ба ӯ маълум намуд ва инак ӯ худро ба ин ҷо расонд...

пешина
аз 471
навбатӣ