АХТАРОНИ АДАБ

– Дар Боғи Зоғон чӣ кор мекунӣ?
– Дар тори кӯҳ санг чидам, як–ду таноб замин кушодам; деҳқонӣ мекунам. Баъд... ба худам панҷ–шашта ҷӯраи соз ёфтам, қатии онҳо... гоҳу бегоҳ... дар кӯҳу дараҳо мегардем...
Восеъ сарашро пойин андохта сукут кард.
Дар он қарибиҳо дар роҳи Ховалинг–Сарихосор– Тавилдара як ду бор мусофирон ба дуздони номаълум дучор шуда пул ва чизҳояшонро гиронда буданд. Як дафъа дуздон дар байни Ёхсу ва Сарихосор закотчии бекро ҳам зада пули аз деҳқонон чидаи ӯро бурда буданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки роҳзан Саидалии Зувайрист. Восеъ, ки ӯро марди баномус ва баорият медонист, ба ин гап бовар накарда буд, аммо ҳозир дар шубҳа монд: наход ин гап рост бошад? Рӯйирост пурсид:
– Дар Ёхсу закотчиро ту задӣ?
– Напурс, Восеъ, – буруташро молида аз иқрор шудан сар тофт Саидалӣ. Аммо ин гапи ӯ барои Восеъ маънии «Ҷое, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест»-ро ифода мекард. Ӯ дигар пурсуков карда нишастанро лозим надонист. Аммо дар баробари ҳамин якбора аз Саидалӣ ихлосаш гашта, сипас ба суханони ӯ хоҳам–нохоҳам ҷавоб медодагӣ шуд.
– Шунидам, амлокдор туро хафа кардааст? Чанд пул ҷарима андохт?
– Сад танга.
– Медиҳӣ?
– Надода чӣ илоҷ?
– Ҷанҷол аз чӣ сар шуд?
– Шунида бошӣ, худат медонӣ.
– Доруғаро задӣ?
– ...
– Хуб кардаӣ! Биллоҳи азим, манғитҳо ва косалесони онҳоро задан, куштан, қир кардан лозим. Сазои онҳо ҳамин!
– Ту ба ман ягон гап дорӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё