АХТАРОНИ АДАБ

– Рост бигӯям, додарон, ман кори Худоро ҳеҷ нафаҳмидам, – гуфт Восеъ. – Худои таолоро одил аст мегӯянд, пас чаро ӯ доди фақиронро намешунавад, ба амиру ҳокимон ғазаб намекунад?
– Восеъ, ман ба ту ҳайронам, – сарзанишкорона гуфт марди худотарс, – ту ба ҷойи он ки дар ин зиндон, дар ин балои ба сари мо омадагӣ аз Худо мадад хоҳӣ ва тавба кунӣ, ҳамин хел гапҳои шаккокиву ношукрӣ мезанӣ.
– Тавба кунам? – гуфт Восеъ. – Аз чӣ? Ман чӣ гуноҳ кардаам, ки тавба кунам? Золим зулм кард, ман шӯридам, магар ин гуноҳи ман аст?
– Ман ба ту таъна заданӣ нестам, Восеъ–ҷавоб дод он бандии солхӯрда. – аммо, худат медонӣ, агар ту ғазо гуфта ба миёни халқ ғавғо намеандохтӣ, дар Сурсақова гулхан намеафрӯхтӣ, ин ҳама балоҳо ба сари мо намеомаду худат ҳам имрӯз ҳамроҳи мо бадбахтон дар ин зиндони торик наменишастӣ... Ман дигар чӣ гӯям, ҳамааш ба худат маълум...
Восеъ як дам ҷавоб надода истод. Мардак ба мусибатҳои шӯриши барорнагирифта ӯро айбдор кард.
«Наход, ки дигарон ҳам ба ҳамин фикр бошанд? – ба дилаш гуфт Восеъ. Наход, ки аз шӯриш пушаймон шуда бошанд? Магар он ҳама ваҳшигӣ, бедодгарии манғитҳоро аз хотир бароварданд? Магар фаромӯш карданд, ки фақиронро ғайр аз қиём кардан ё мурдан аз гушнагӣ илоҷи дигар намонда буд?».
Гӯё, ки дар ҷавоби ҳамин андешаи Восеъ бародархондаш Назир ба он бандӣ муроҷиат карда гуфт:
– Ин чӣ сафсатаест, ки ту мегӯйӣ, Ғафур? Хоҳӣ худат тавба кардан гир. Шӯриши мо ҳақ буд, ман пушаймон нестам.
– Ман ҳам! – овоз баровард Нозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор