Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Овози Восеъ хомӯш гардид. Ӯ ба боло нигоҳ кард, дид, ки дар шифти зиндон ба қадри даҳони кӯза сӯрохест, аз он сӯрох ду ситора–хира–хира чашмак мезад. Ҳозир фақат ҳамин ду ситора буд, ки асиронро бо олами берун алоқаманд мекард.
– Назир, нигоҳ кун, ду ситора, – гуфт ӯ.
Назир нигоҳ кард.
– Монанди ду чашми гург аст, ки дар шаби тор метобад, – гуфт шикорчии дерин.
– Чашми гург нагӯй, он ду чашми парвардигор аст, ки ба мо нигоҳ мекунад, – гуфт як зиндонии дигар, ки аз овозаш марди солхӯрдае буд.
– Ду чашми Худо... – худ ба худ такрор кард Восеъ ва илова намуд: – Рост гуфтӣ, Худо ҳеҷ вақт бандагонашро бо як чашм намебинад.
Якчанд нафар зиндониён лутфи сухани ӯро фаҳмида кӯтоҳ–кӯтоҳ хандиданд.
– Мегӯянд, ки Худо на чашм дорад, на гӯш, на забон; ҳатто хонаву ҷое ҳам надорад, ломакон аст, пас ӯ моро чӣ тавр мебинад? – гуфт Нозим.
– Шак набиёр, номусулмон! – ба гӯянда қаҳромез хитоб кард бандие, ки ситораҳоро чашмони парвардигор номид.
– Худо дар ҳама ҷо ҳозиру нозир, маконаш дар дили ҳар мусулмон аст. Ҳозир мададгори мо фақат Худои таолост, лекин аз касофати туворӣ шаккокҳо аҷаб не, ки мо аз мадади Худованд маҳрум бимонем.
– Кай ман шак овардам? Магар пурсидан шак овардан мешавад? – гуфт Нозим.
– Бас кунед! Ин ҷо масҷид ё мадраса не, ки шумо масъалаталошӣ кунед! – соҳиби ин итоб Одина буд, ки захми синааш сӯзиш карда, ӯро ба оҳ кашидан маҷбур менамуд.

пешина
аз 471
навбатӣ