АХТАРОНИ АДАБ

– Чунон нишон додем, ки манғитро воҳима гирифт, аз Бухоро лашкар овард, се ҳоким як шуд. Боз лашкари ҳамаашон камӣ кард, онҳо дуздон, роҳзанон, каллабуронро ҷамъ карда ба болои мо андохтанд... Ҳозир манғит моро шикаст дода бошад ҳам, калтаки аз фақирон хӯрдаашро як умр фаромӯш намекунад. Фақирон ҳам инро фаромӯш намекунанд. Ман мегӯям, рӯзе, ки золим каллапо, дасти фақирон боло шавад, онҳо моро ба некӣ ёд мекунанд... Номардҳо, буздилҳо майлаш аз шӯриш пушаймон шаванд, лекин ман пушаймон нестам. Агар коре шаваду зинда монам, ман боз мехезам, боз ба золимон теғ мекашам.
Восеъ дар зиндони Балҷувон ба ёронаш ҳамин навъ суханҳо мегуфт.
Иброҳим ном ҷавоне, аз деҳаи Қаҳдарак, низ бо гуноҳи тарафдории Восеъ дастгир шуда, дар зиндон бо ҳамроҳии Восеъ ва ёрони ӯ нишаста, ин суҳбати охирини онҳоро шунида буд. Аммо баъд маъмурони ҳокими Балҷувон гуноҳи ӯро исбот карда натавониста бошанд ҳам, як гӯшашро бурида ва лаби поёнашро чок карда сар доданд. Ин ҷавон баъдҳо дар ҳар ҷо мегашту суханони дар торикии зиндон аз Восеъ ва ёрони ӯ шунидаашро ба мардум нақл мекард.
... Рӯзи бозори Балҷувон. Кӯчаҳо, растаҳо пури одам.
Офтоб акнун фақат се–чор қади найза баланд шуда бошад ҳам, ҳаво тафсида аст. Сарбозон бандиҳои дастбастаро аз зиндон бароварда, галавор ба лаби оби Талхак ҳай карданд. Бандиҳо чилу шаш нафаранд. Пешо пеши онҳо Восеъ ва Назир равонанд. Дар тангкӯчаҳо ҳам тӯб–тӯб мардум истодаанд, дар бомҳо гурӯҳ–гурӯҳ занон ва бачагон.
Наъраи карнайҳо, дум–думи дуҳул ва бак–баки нақора баланд. Бек Мирзоакрами мирохӯр ғалабаи бузурги худро намоиш доданӣ, ҷашну тантана барпо карданист. Аммо ғайр аз як тӯда амалдорони хурду калон, муллоён ва сарбозон дигар дар ҳеҷ касе хушнудии «идона» мушоҳида карда намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор