АХТАРОНИ АДАБ

Баръакс, дар чеҳраҳои мардум хирагӣ ва парешонӣ сояандоз аст. Ҳатто якто нимто мардон ва занон гиря мекунанд.
Сарбозон бандиҳоро аз чор тараф печонда, аз байни издиҳоми халқ гузаронда мебаранд. Ҷо–ҷо аз байни издиҳом садоҳои: «Алвидоъ Восеъ», «Алвидоъ баҳодурон!», «Ёди ту бо мост, Восеъ», «Ту меравӣ номи неки ту мемонад, Восеъ» баланд мешавад.
Майдони лаби обро сарбозон иҳота карда, издиҳоми халқро пеш омадан намемонданд. Дар мобайни майдон ясавулҳо, навкарҳои беқарор дар ҷунбишу тараддуд.
Ҷаллод Умари Буз, ҷомаи сурх ва шалвори зарди чармин дар тан, остинҳояш барзадагӣ, кордашро қайроқ мекунад.
Дар ҷойи баланд бек Мирзоакрами мирохӯр бо тӯдаи мансабдоронаш ва надими хоссаш Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис нишастаанд.
Сарбозон бандиҳоро аз тангкӯча бароварда ба сангоб хамонданд. Ба ногоҳ дар байни издиҳоми халқ талотӯбе бархост. Ду зани сарбараҳна бо доду фарёд пеш омаданӣ мешуданд, мардум онҳоро нигоҳ медоштанд. Восеъ нигоҳ карда он занҳои жӯлидамӯ, пойлуч, саропо хоколуд, рӯй ва гарданҳошон ханҷолхӯрдаро шинохт – онҳо духтараш Гулъизор ва хоҳараш Фотима буданд.
– Ота–а–а!.. Ота–а–а!.. – рӯканону мӯканон дод мезад Гулъизор.
Вай модари мусибатзадаи аз по афтода ва ҳар рӯз чандин бор аз ҳуш равандаашро ба парастории янгааш – зани Қосим гузошта, ҳамроҳи аммааш пойи пиёда ба Балҷувон омада буд, ки падари гирифторашро бинад ва бо ӯ видоъ кунад. Фотима бева монда буд – шавҳари ӯ Сангалиро сарбозон дар деҳаи худаш дастгир карда кушта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор