Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Дод аз дасти золимҳо! Акаамро мекушанд! Хонаат бисӯзад, манғит!» гуфта фиғон мекарду халос.
Муллосафар дар ҳуҷраи мадрасаи Ҳоҷӣ Яъқуб фақат як шаб хоб кард. Чун дилаш хала мезад ва дар мизоҷаш гароние ҳис мекард, рӯзи дигар ӯро бо хоҳиши худаш хизматгорони мударрис ба деҳаи Нушур ба хонаи як нафар хешаш бурда монданд.
Вай дар хонаи хешаш, гоҳ бистарӣ ва гоҳе ба сари пой оқибати кори Восеъро интизорӣ мекашид. Савганди мударрисро сидқӣ пиндошта буд, ба нушуриён, ки бештаринашон хайрхоҳи Восеъ буданд, аз халосӣ ва озодии наздики ӯ башорат медод.
Муллоро халосии Восеъ дар аввал хоҳише буду бас, аммо баъд аз гуфтугӯйи душвори бо Ҳоҷӣ Яъқуб ба миён омада ва дар асари фикру хаёлҳои муттасиле, ки рӯзҳои охир мулло дар ин бора мекард, ин хоҳиши ӯ ба майли пурҷӯш ва пурэҳтиросе табдил ёфта буд. Агар Восеъ наҷот меёфт, мулло чӣ тавр худро шод ва хушбахт ҳис мекард!
Пас аз ду рӯз ба вай хабар расид, ки Восеъро дастгир карда ба Балҷувон оварданд. Вай аз ҳаяҷони қалбӣ рухсорааш шукуфта, ҳамон дам ба Балҷувон рафтанӣ шуд, аммо хешони ӯ ба ин монеъ шуда гуфтанд, ки нохушу каммадор аст ва сафари савора дар пайраҳаҳои пасту баланд ӯро беҳол хоҳад кард, ӯ бояд сабр кунад, ва он гоҳ шояд ки худи Восеъ баъди озод шуданаш ба зиёрати дӯсти худ омада монад.
Охир, Муллосафар хешонашро ҳам бовар кунонда буд, ки Восеъ пас аз расидан ба Балҷувон ба зудӣ озод карда хоҳад шуд! Мулло хоҳиши дили дардманди худро ҳақиқат мепиндошт.
Вай маслиҳати хешонашро гирифт, ба Балҷувон нарафт, агарчи бо расидани хабари мазкур якбора халаи дилаш ҳам монда буд ва ӯ худро сабук ҳис мекард.

пешина
аз 471
навбатӣ