АХТАРОНИ АДАБ

Боз баъди ду рӯз нушуриҳои аз бозори Балҷувон баргашта хабари қатли ёрони Восеъро оварданд. Онҳо навмеду маъюс ба мулло огоҳӣ доданд, ки назар ба ҳукми эълоншудаи бек худи Восеъро бо ҳамроҳии Назир– паҳлавон ва Давлат Айюб ба Ҳисор ё Бухоро бурда мекуштаанд.
Ранг аз рух ва ҳуш аз сари мулло парид.
Дигар ӯро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз аз рафтан ба Балҷувон боздошта наметавонист.
Ӯ дар ҷое, ки имкон дошт, асп медавонд. Ба шаҳр вай дар байни пешин ва аср расид. Дар кӯча аз одамони дучоршуда фоҷеаи имрӯз дар сангоби Талхак рӯйдодаро пурсид, онҳо бо чеҳраҳои андуҳнок ба вай гуфтанд, ки ҳоким чилу се шӯришгарро кушт, аммо Восеъ, Назир ва Давлат Айюбро соате пеш ба Ҳисор равона кард.
Муллосафар ба тарафи ҳавлии Ҳоҷӣ Яъқуб асп ронд.
Дарвозаи ҳавлиро бо дастаи қамчинаш кӯфта буд, ки хизматгори ҳоҷидомулло баромад.
– Ҳа, чӣ ин қадар тақ–тақ мекунӣ? Дар ҳавлӣ будагиҳо кар нестанд!
– Мударрис дар хона аст?
– Нестанд, ба «Боғи мир» рафтанд. Чӣ кор доштӣ?
Мулло ба пурсиши хизматгор ҷавоб надода, бо хотири мушавваш як нафас фикр карда монд.
– Чӣ шуд, чӣ ин қадар саросема менамоӣ?
Муллосафар ба ин пурсиш ҳам ҷавоб надод ва якбора аспашро қамчин зада ақиб гардонд.
Вай ба роҳи Кангурт баромад. Шитоб мекард, аспашро гоҳе чорхез, гоҳе лӯкка медавонд. Сарбозон дур нарафта буданд, мулло дар байни аср ва шом дар нимфарсангии Балҷувон дар кӯтал ба онҳо расида гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор