АХТАРОНИ АДАБ

1
БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН
Шӯриши Восеъ аз аввалҳои Инқилоби Октябр таваҷҷуҳи нависандагони тоҷикро ба худ кашида буд. Дар охири солҳои бисти қарни гузашта профессор Абдурауф Фитрат намоишномае бо номи «Шӯриши Восеъ»
навишта буд, ки мутаассифона, аз лиҳози бадеият хеле суст буд. Дар соли 1940 либреттои операи «Шӯриши Восеъ» ба вуҷуд омад, ки ба қалами Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ тааллуқ дошт. Ниҳоят дар соли 1967 романи Сотим Улуғзода «Восеъ» нашр шуд, ки маҳсули меҳнати шашсолаи ӯст.
Сотим Улуғзода пеш аз ин дар тасвири муборизаи халқ ва ба вуҷуд овардани образи фарзандони бузурги ӯ хеле таҷриба ҳосил карда буд. Дуюмин намоишномаи ӯ «Калтакдорони сурх» драмаи қаҳрамоние буд, ки муборизаи меҳнаткашони тоҷикро бар зидди босмачиён тасвир намудааст. Намоишномаи «Рӯдакӣ», синамоқиссаҳои «Ибни Сино», ва «Қисмати шоир» низ ба мардони бузурги таърих бахшида шуда, тақдири онҳоро дар саҳни ҳаёти мураккаби замонашон нишон додааст... Романи «Восеъ»
маҳсули инкишофи ҳамин равия дар эҷодиёти ӯст. Аммо ин асар аз таълифоти пештараи ӯ фарқи ҷиддӣ ҳам дорад... Нависанда ба жанри дигаре – ба роман рӯ овардааст, ки беш аз пеш вусъат ёфтани таҳқиқ ва амиқтар рафтани онро талаб менамояд.
Дар асари калони эпикӣ тасвир кардани шӯриши Восеъ барин воқеаҳои таърихӣ барои нависандаи хуштаҷриба
1 .Ин охирсухан аз мақолаи Шукуров, ки барои маҷаллаи «Садои Шарқ»
навиштааст, гирифта шуд. (С.Улуғзода. – Душанбе, Ирфон, с.1969) ҳам душвориҳои зиёде дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор