АХТАРОНИ АДАБ

Аз деҳу дараҳои дуру наздик ба Дараи Мухтор тӯда–тӯда мардум саллаҳошонро ба миён баста, ба даст асо гирифта меомаданд, мотам мегирифтанд. Ҳофизон суруди машҳури шӯришро, бо бадал кардани калимаҳояш, ҳамчун марсия
– суруди мотам адо менамуданд:
Восеъ фаност имрӯз,
Ҷон дар азост имрӯз,
Ғавғои рӯзи маҳшар
Бар фуқарост имрӯз.
Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи
Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:
– Додарон, дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед аҳду паймон мекунем, ки ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар ватанаш қабр надорад, ҳамин, ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин, Аллоҳу акбар!
Хурду калон ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд, омин карданд.
Аҳду паймони халқ солиёни дароз барқарор монд...
Баъди ҳафтоду панҷ соли шӯриши Восеъ, дар соли 1961, нависандаи ин сатрҳо гузораш ба Дараи Мухтор афтода буд, дид, ки ҷувозкунда дар ҷойи ҷувозхонаи собиқи Восеъ барҷо истодааст. Ҳамватанони ӯ ба болои кунда шипанге сохтаанд, то ки аз барфу борон зарар набинад.
Москва –Душанбе, 1961–1967

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор