АХТАРОНИ АДАБ

Мавқеи С. Улуғзода дар адабиёти тоҷик то ибтидои солҳои 60-ум дар табрикномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати ҷашни нимасраи адиб басо равшану дақиқ ёдовар мешавад: «Номи Шумо ҳамчун нависанда, драматург, кинодраматург, ходими намоёни ҷамъиятӣ на танҳо дар байни халқи тоҷик, балки берун аз ҳудудҳои республикаи мо ва дар як қатор мамлакатҳои хориҷӣ низ машҳур аст. Шумо дар насри реалистии тоҷик яке аз пайравони бевоситаи устод Айнӣ ҳисоб мешавед. Асарҳои Шумо, ки шарҳи дилҳои ҷӯшон, инъикоси ҳаёти пурҷӯши халқ аст, ба дили миллионҳо хонандагон роҳ ёфта даст ба даст мегардад» [156, 3].
Аз охирҳои солҳои 60-ум ба сабабҳои сиёсӣ дар зарфи 10-15 сол эҷодиёти нависанда мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор нагирифт. Дар ин муддат «Режими тоталитарӣ ба Сотим Улуғзода раҳму шафқат накард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ӯ солиёни зиёд ба чопи асарҳояш имкон надошт, аз сафи ҳизби коммунист ронда шуд, ӯро ба ҷамъомадҳо даъват намекарданд, номашро ба рӯйхати мукофотгирандагон ворид намекарданд ва ғайра. Ин ҳама кӯшишҳои радди маърака намудани нависанда, драматург ва олими забардаст фақат як сабаб дошт – фирори писараш Азиз аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳарчанд ки Азиз дар он замон баркамол буду барои ҳар кирдораш худаш бояд ҷавоб мегуфт» [109, 3] Соли 1980 монографияи М. Шукуров бо номи «Насри солҳои 1945-1974», ки ҷилди шашуми «Таърихи адабиёти советии тоҷик»-ро фаро мегирифт, ба табъ расид, ки дар он насри Сотим Улуғзода низ аз нигоҳи мундариҷа ва жанру услуб муфассал таҳлил ёфтааст. Муаллиф дар қатори «Ёрони боҳиммат», «Навобод», «Субҳи ҷавонии мо» оид ба романи «Восеъ» низ муҳокима ронда, равияи услубии С. Улуғзодаро реализми сирф муайян кардааст. «Дар ин сайри таърихии равияи услубии реализми сирф насри Сотим Улуғзода нақши махсус дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё