АХТАРОНИ АДАБ

Ба гуфти М. Раҷабӣ, асарҳои С. Улуғзода аз осори дигар адибони насли комсомол «ҳам бо баррасии ҳиссиёту тарсу хандаву ишқ аслан дар вуқӯънигорӣ, дар муайян кардани алоқаи инсон бо муҳит ва тасвири мутақобилаи онҳо қадами ҷиддие ба пеш буданд» [174, 166].
Дар рисолаи номзадии Бақоева Сайрам диди таърихии нависанда ва маҳорати ӯ зимни корбурди воқеаҳои таърихӣ асосан дар асарҳои драмавӣ ва кинодрамавии нависанда ба таҳқиқ омада, таъкид мегардад, ки худи давраҳои зиндагии адиб таваҷҷуҳи ӯро ба таърихи халқи тоҷик афзудааст. Бинобар ин, «ба ягон нависандаи муосири тоҷик муяссар нагардидааст, ки мисли С. Улуғзода таърих ва тақдири шахсиятҳои таърихии асрҳои гузаштаро ба ин андоза амиқу муфассал ба тасвир гирифта бошад. Тафаккури ба худ хоси таърихӣ ба ӯ ин имкониятро дод, ки усули хосаи таърихии тасвирро ба вуҷуд оварда такмил диҳад» [60, 18].
Соли 2010 рисолаи Сайрам Бақозода низ зери унвони «Ҳикмати таърих ва шинохти бадеии он» нашр шуд, ки дар он ба нуқтаҳои умдатарини таърихияти осори С. Улуғзода изҳори назар шудааст. Адабиётшинос кӯшиш намудааст, ки давраҳои чӣ гуна фароҳам омадани асарҳои таърихии нависандаро таҳқиқ намояд [61, 106].
Асари таърихшинос М. Исоматов «Тоҷикон дар тасвири Сотим Улуғзода» ба таҳқиқи ҷанбаҳои таърихии повести «Ривояти суғдӣ» бахшида шудааст. Принсипи бо далелҳои таърихӣ асосёфтаи таҳқиқ ба муҳаққиқ имконият додааст, ки асосҳои таърихӣ ва воқеии повестро возеҳу равшан ошкор созад: «Дар тору пуди қисса факт, ривоятҳо, лавҳаю манзараи дақиқи таърихӣ, характеристикаҳо, санаднокии иҷтимоию сиёсӣ бештар вомехӯранд ва нависанда бисёр мавридҳо тафаккури бадеии таърихӣ ва тасаввури халқро дар тасвир нигоҳ доштааст» [115, 101].
Муҳаққиқ Ҷамилаи Мурувватиён дар таҳқиқоти хеш ба ҷанбаи филологии романи «Фирдавсӣ» таваҷҷуҳ намуда, бо ҳамин дар адабиётшиносии тоҷик истилоҳи нав – романи филологӣ ё насри филологиро ворид менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё