АХТАРОНИ АДАБ

– Чаро росташро намегӯйӣ? – занак қайсарӣ намуда шавҳари мулзамашро мулзамтар кард. – Кайҳо фотиҳа шудагӣ–ку...
– Ту бирав, занак! – қаҳр кард Наимшоҳ. – Ба гапи мардҳо қатӣ нашав!
– Кори шудагиро гуфтам охир, боборо беҳуда умедвор кардан чӣ лозим? – занак замбӯрвор ғурунгос зада аз дар берун шуд. Шакар албатта ба гапи занак бовар накард.
Восеъ ба ӯ гуфта буд, ки ҳоло Аноргул ба хеши модарандараш расман фотиҳа нашудааст.
Наимшоҳ баъди рафтани занаш аз пиёлаи дар дасташ буда чойро баланд–баланд ҳӯрт кашиду бо ҳамин гӯё хомӯшии гарони ба миён омадаро рафъ карданӣ мешуд.
Ӯ одами нармдиле буд, ба Шакар гуфт:
– Ту хафа нашав, бародар: ман яктаву ягона духтар дорам намехоҳам, ки ба ҷойи дур ғалтад. Одами дасттанҳо ҳастам, ягон сағираро меёбаму хонадомод мекунам, ҳарчи дар кору борам ёрӣ медиҳад.
Шакар дигар гап назад, якбора омин карда хесту бо ранҷи хотир гуфт:
– Саломат бош. Хонадомод кун. Писари ман зан меёбад, ба тухми зан қаҳт назадааст. Як дари баста сад дари кушода.
Шаб ӯ дар ҳуҷраи осиёбони шинос хоб карда, саҳар ба роҳ баромад.
Вақте ки ӯ ба Дараи Мухтор расида гуфтугӯйи бо Наимшоҳ ба миён омадаро дар хонаводааш нақл кард ва барои Восеъро тасаллӣ додан ба ӯ ҳам масали «як дари баста ва сад дари кушода»–ро такрор намуд, Восеъ бесаброна аз ҷойи нишастааш ҷаҳида хесту гуфт:
– Дар сад дари кушодаи шумо зан садта, аммо дар дили ман якта! Дигараш ба ман даркор нест!
Аз мобайн як ҳафта ҳам нагузашта буд, ки Восеъ аспсавор дар Лангар ҳозир гардид.
Бегоҳирӯзӣ буд, ӯ аз пеши дари Наимшоҳ гузаштаравон як байти таронаеро, ки шабҳои тобистон дар хирман барои Аноргул мехонд, тараннум кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё