АХТАРОНИ АДАБ

Восеъро гашта ба Шаҳидон–маркази амлокдории Сарихосор оварда ба миршаб супурданд. «Миршабхона»
ҳавлии беруни худи миршаб буд, ӯ дар он ҷо «духтардузд»–ро ба сутун баст. Дар саҳни ҳавлӣ боз ду каси дигарро ҳам ба сутун баста монда буданд. Аспи Восеъро миршаб нигоҳ дошт: медонист, ки хешовандони Восеъ ба суроғи асп меоянд ва он гоҳ ӯ аз онҳо хароҷоти ҷаву бедаи аспро даҳчанд карда рӯёнда мегирад.
Дар деҳаи Шаҳидон ба Наимшоҳ ҳодисае рӯй дод, ки ӯро камтар аз фирори духтараш ба танг наёвард: одами миршаби Ховалинг, ки ҳамроҳи Наимшоҳ ба кофтукови гурезаҳо баромада буд, аз ӯ даҳ танга хизматона талаб кард:
– Ду рӯз боз бо ту саргардонам, духтардуздатро ҳам ёфта додам, ҳаққи хизмати маро бидеҳ!
Аммо камбағали дарвозӣ пулро аз куҷо ёбад? Кисаи ӯ моҳу сол ин қадар пулро намедид. Одами миршаб дар корвонсарой аспи Наимшоҳро бар гарав нигоҳ дошта гуфт, ки ӯ даҳ тангаро оварда медиҳаду баъд аспашро мебарад. Дунё ба чашми Наимшоҳ торик гашт. Ӯ чорае наёфт ба ҷуз ин ки бӯғчаи духтарашро кушода ба куртаи дока, рӯмол ва кафши нимдошти ӯ харидор ҷӯяд. Харидор дар байни сокинони худи корвонсарой пайдо гардид. Сару либоси Аноргул баъд аз кашокаши дуру дарози фурӯшгор ва харидор ба ҳашт танга савдо шуд. Чанде аз сокинони корвонсарой ба миёна даромада, аз ваҷҳи нодорӣ ва бечорагии Наимшоҳ талабгори хизматонаро ба ҳашт танга розӣ ва қонеъ гардонданд.
Наимшоҳ барои шабхобӣ дар корвонсарой монд, Аноргулро саройбон ба дарун – ба пеши аёли худ фиристод.
Духтараки сиёҳбахт ба он ҷо даромадан замон худро ба кунҷаки хона кашида гиристан оғоз кард. На ба пурсишҳои зани саройбон ҷавобе медод ва на хӯроке мехӯрд; рӯ ба девор карда зор–зор мегиристу халос.
Баъд ӯ якбора аз гиря бозистода ба по хесту баромада ба тарафи дари берун равон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё