Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наимшоҳ сахт ғамгин ва парешонҳол дар кунҷе нишаста буд. Мерган чой фармуд, хизматгори саройбон як чойник чой ва нон овард. Назир худро ба нодонӣ зада аз дарвозии мусофир ҳолу аҳвол пурсид, Наимшоҳ мусибати ба сараш омадаро бо як дарду алам ҳикоя кард, ба Восеъ лаънатҳо хонд ва изҳори тааҷҷуб намуд, ки мерган бо ҳамин хел як «гарданшикастаи муттаҳам», «суламаи валади зино» аҳду паймони бародарӣ бастааст.
Назир кӯшиш кард ба ӯ фаҳмонад, ки зотан ҳеҷ қиссае нест, дар олами ишқу муҳаббати ҷавонӣ ин гуна воқеаҳо рӯй медиҳанд. Ӯ, яъне Назир медонад – Восеъ ба духтар ошиқи ҷазмӣ мебошад. Наимшоҳ хостгории Шакарро беҳуда рад кардааст. Акнун ғайр аз розигӣ додани ӯ ба домодии Восеъ чорае нест. Бигузор Наимшоҳ духтарашро ба Восеъ никоҳ карда диҳад: охир, духтар ду–се рӯзи охир бо Восеъ буд, акнун агар падари духтар дар сари қаҳру ғазаб ва орияту номуси беҷо онҳоро аз ҳам ҷудо кунад, – ҳоло ба зиндон ғалтидани ҷавони бегуноҳ як сӯ истад, духтар бадном мешавад. Баъд ин хел духтарро шояд ҳеҷ кас ба занӣ ҳам нагирад.
Аммо дарвозии гарданшаху инодкор ҷаҳли фитнаангезро ба панди маслиҳатомези дӯст муқобил гузошта, суханони ӯро шунидан ҳам намехост; ӯ «пӯстинро чаппа пӯшида» буд ва мегуфт, ки бигузор духтараш ҳатто бадном шавад ва аз дунё бешавҳар гузарад, – ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ «он ҳаромии дузд»-ро ба домодӣ қабул нахоҳад кард.
Назир маъюс шуд. Вақте ки ӯ ба Афардӣ баргашт, рӯз торик шуда буд. Дар хона занаш аз натиҷаи кор пурсон шуд, ӯ гуфт, ки Наимшоҳи қайсар ҳеҷ ба гап гӯш намекунад.
– Пас чӣ кор мекунӣ, хап мешинӣ? – бесаришта шуд Заррагул (номи зани Назир Заррагул буд), ки ба ҷавони сиёҳбахт, хусусан ба Аноргул дилаш бисёр месӯхт. – Охир, пагоҳ додархондатро ба Балҷувон мебаранд, зиндон мекунанд!

пешина
аз 471
навбатӣ