Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наимшоҳ духтари худро шинохта саросема ба назди вай омаду аз дасташ гирифт:
– Ҳой, ба ту чӣ шуд, Аноргул? Девона шудӣ чӣ?! Бихез, ин бача бандии зиндонӣ аст!
– Бандӣ нест! Ҳой мусулмонон, падарам ин ҷавонро аз боиси ман гунаҳгор кард, ӯ ҳеҷ айб надорад, ман худам ӯро хостам, гиримаш шудам! –Чашми Аноргул ба амлокдор ва қозӣ ғалтид: – Тақсирон! – гуфт, – агар Восеъ гунаҳгор бошад, ман ҳам гунаҳгорам, ҳамроҳи ӯ маро ҳам зиндон кунед!..
Ҷома аз сари Аноргул ба замин ва рӯймолаш ба гарданаш ғалтида, сару рӯяш бараҳна гардид. Дилҳо ҳама мафтуни рӯйи зебо гардиданд. Ин қадар нотарсӣ ва ҷасорате, ки аз ин духтараки барнову зебо ба ҳузур омад, дар назари мардум воқеан ҳайратангез буд.
Назир пеш баромада ба амлокдору қозӣ гуфт:
– Тақсирон, ман ин духтарро хуб мешиносам, падарашро ҳам мешиносам. Духтар меҳмони аёли ман шуда буд.
Ман гувоҳӣ медиҳам, қасам мехурам, ки духтар ҳалол ва пок аст, ӯ ва ин ҷавон якдигарро сидқиву ҷазмӣ нағз дидаанд.
Ин гапи Назир–мерган, ки ҳама ӯро ҳурмат мекарданд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷамоати дудила шуда истодаро якбора ба тарафи Аноргул ва Восеъ гардонд.
Аз ҷамоат боз садоҳо баланд шуданд:
– Ёдаш бахайр, духтарак ҳам зебо будаасту ҳам шердил!
– Ҷавонро озод кунед, тақсир! – ин муроҷиат ба амлокдор буд.
– Ҷаноби қозӣ духтарро ба ӯ никоҳ кунанд!
Амлокдор, марди ғафси серриши чорпаҳлу, ба қозии қадпастаки ғӯл рӯй оварда пурсид.
– Шумо чӣ мегӯед, шариатпаноҳ?
Ин қозӣ, ба номи Абдуррасул, ба порахӯрӣ, фосиқӣ ва қаллобӣ ном бароварда буд. Агар ба ихтиёри худаш мемонданд, ӯ албатта, аз ин моҷаро манфиате ҳосил намуда, баъд корро ба фоидаи тарафе, ки зиёдтар ришва диҳад, ҳал мекард.

пешина
аз 471
навбатӣ