Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ ҲАФТУМ

Одамони мусофиратдида ва ҷаҳоншинохта, онҳое, ки дар пайи мардикорӣ ба шаҳру вилоятҳои дурдаст мерафтанду роҳҳои Фарғона, Бухорову Самарқандро на як бору ду бор чен карда баромада буданд, ба Восеъ якка ба сафар баромаданро маслиҳат намедоданд, зеро ки роҳҳо бехатар нестанд, кас мумкин аст ба дуздону роҳзанон ё гургу палангон дучор ояд, ё ки дар роҳ касал шуда монад.
Дар ин ҳол ӯ агар ҳамсафарон надошта бошад, ҷонаш дар таҳлука мемонад. Восеъ бояд ҳамроҳи корвоне ё мусофирони дигаре ин роҳи дурро пеш гирад. Аммо Восеъи худбовару тезкор ба пайдо шудани ҳамсафарон нигоҳ карда наистода танҳо ба роҳ баромад.
Ӯ кӯҳу дараву дашт мепаймуд. Гоҳо як–нимто саворони роҳакӣ вохӯрда ҳамроҳаш ду–се манзил мерафтанд. Ӯ бо поҳои бақуввати кӯҳгардаш баробари аспҳо қадам мепартофт.
Дар ду рӯз Балҷувон, Кангурт ва Норак дар қафо мондаанд. Восеъ аз Пули Сангин гузашта буд, ки ҳавои интарафҳо, яъне канори рости Вахш, назар ба ҳавои вилояти кӯҳии ӯ гармтар намуд. Ҳар қадар, ки ба водии Ҳисор пеш мерафт, нисбатан гармтар будани боду ҳаворо ҳис мекард. Ҳоло тобистон надаромада бошад ҳам, рӯзона сангу хок метафсид, чангу ғубори роҳҳо торафт меафзуд, нафасгирӣ вазнинтар мегардид. Зуд–зуд дар лаби ҷӯйҳо ва сояи якто–нимто садаву чинорҳои қади роҳ нишаста дам гирифтан лозим меомад.
Рӯзи сеюм наздики пешин ӯ ба Янгибозор расид. Деҳаи калони амлокдорнишин ифлос, камдолу дарахт ва гарм, аммо лаби оби сарду софи Кофарниҳон, ки аз паҳлуи ғарбии деҳа ҷорист, – сабзазор, салқин, хушҳаво буд. Ин ҷо Восеъ дар сояи бед ба дамгирӣ нишаста дар оби форами дарёча дасту рӯй ва пой шуста аз лингааш нон бароварда дар об тар карда хӯрд.

пешина
аз 471
навбатӣ