Зеҳн
ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҳакимшоҳ инро гуфту хўрҷинашро ба китф партофт ва ҷониби дарвозаи шаҳр роҳ пеш гирифт.
Албатта, аҳли шаҳр зорию таваллои зиёд карданд, ки вай дар ин ҷо бимонад, вале Ҳакимшоҳ аз раъяш барнагашт. Ниҳоят одамон ўро дуои хайр доданд. Пирони шаҳр кафи дуо кушода, аз сари меҳру садоқат ба ин марди азизу шариф гуфтанд:
– Чашми бад аз рўи ту дур бод!
– Ҳамеша вақти ту хуш бод!
– Ҳама ширинии олам аз они ту бод!
Ба инсон боз чӣ даркор!.
Дар пеши дарвоза як писарак кунҷкобӣ кард.
– Амаки Ҳакимшоҳ, – гуфт ў. – Шумо Девдарахтро чӣ хел шинохтед?
– Тамоман оддӣ, – аз саволи писарак хурсанд шуда, ҷавоб дод Ҳакимшоҳ. – Девдарахтро ба як нишона дарёфтам. Барги ҳар дарахти боғ пур аз гарду чанг буду ин дарахт барги тоза дошт. Ба худ гуфтам, ки ин Девдарахт аст, зеро дев ҳар замон тағйири сурат мекард: рўзона ба сурати дарахт медаромаду шабҳангом дев мешуд. Ба шоху барги он гарду чанг наменишаст… Ман табар задам.
Ҳамагӣ як сония пеш аз фурў рафтани офтоб дарахт афтиду хокистар шуд. Ба айёми фитнаангез завол расид!

пешина
аз 19