ДЕВ ДАРАХТ

Рўзе ба боғ марде омад. Вай ҳам мисли ҳазорҳазор мусофири баргаштабахт аз асрори ин манзил огоҳ набуд. Ба канори боғ расиду моту мабҳут шуд.
– Худоё, чӣ мўъҷиза! – гуфт ва аз асп фуромад.
Шохсорон аз гаронии меваҳои ранг-ранг хам хўрда, ба замин мерасиданд. Мусофир баъзеро нав медид ва номи баъзеро фақат шунида ё дар китобҳо хонда буд. Аз зери ҳар дарахт ҷўйбораке шилдирос мезад, сангрезаҳои зумуррадгуни ҷўйборак дар шунаҳи офтоб ба чандин ранг ҷило медоданд, замин аз сабзаю себарга махмалпўш буду фазо аз накҳати форами гулу гиёҳ хушбўй.
Дар шохсорон мурғакони хушпарубол ба сад забон нағма мепардохтанд.
Марди мусофир аспашро раҳо кард ва ба боғ қадам гузошт. Аз ҷўйбораке каф зада об гирифту нўшид, аз дарахте шафтолу гирифту даҳан ширин кард ва соате боғро қадам зада, ба сари чашма расид ва боз об нўшиду дуртар рафт, пас дар сояи як маҷнунбеди хушкокул қарор гирифт, ҷомаашро кашид, ба замин густурд ва ғанаб рафт.
Нохост, гўё аз зери замин баромада ё аз осмон фаромада бошад, як пиразан пайдо шуд. Вай басо фартут ва саропо сиёҳ пўшида буд. Қоматаш мисли дос хам, биниаш дарози овезон, даҳонаш каҷ, дандонҳояш чиркину сиёҳ. Манаҳи борику рўи пурчин ва чашмони бенури чуқури даҳшатангезе дошт. Кампир асозанон ва лангонлангон дар гирди мусофир се маротиба давр зад, пас дар болои сараш қарор гирифт, ҳиҳикунон хандид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё