ДЕВ ДАРАХТ

Марди мусофир хост аз ҷо бархезад, аммо кампир гуфт:
– Кўшиш накун. Ту хобӣ ва хоб мебинӣ. – Баъд пурсид: – Маро шинохтӣ?
– Туро шинохтам! – ором ҷавоб дод мард. – Ту ҷодугарӣ. Аммо ман аз ту наметарсам.
– Шинохтӣ! – гуфт пиразан ва боз хандаи хунук кард. – Маро шинохтану натарсиданат акнун ба чӣ кор ояд!?
– Барои чӣ?
– Барои он ки… – пиразан ногоҳ лаб газид ва даст ба даруни камзўлаш дароварду як коғазак берун кашид. Коғазакро ба дасти мусофир дода фармуд: – Бихон! – Пас зери лаб чизе гуфт ва нохост ба сурати зоғ даромаду «қаррр–қаррр!»
садо карда, париду рафт.
Мусофир як қад парид ва чашм кушод…
Мусофирро Ҳакимшоҳ мегуфтанд. Вай се рўз қабл аз подшоҳи мамлакат як супориши ҷиддӣ, вале сахт махфӣ гирифта, ба ин тараф омада буд.
Подшоҳ умед дошт, ки мусофир аз ўҳдаи супориши ў мебарояд, зеро се рўз ҳамсўҳбат шуда, ақлу дониши ўро омўхтаю санҷида, хотирҷамъ шуда буд.
– Ман дар ин раҳ ҷавонмардони асили мамлакату донишмандони беҳтарини дарбори худро гум кардаам, – оҳи бадард кашида, гуфт подшоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё