Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«сурудхонон» дохили хона шуданд, гӯё фаҳмиданд, ки Сурушҷон бачаи беозор аст.
Дар хақиқат, аз омадани парастуҳо Сурушҷон хурсанд шуд, гӯё болу пар баровард, ки тирезаи пешайвонро кушод, то онҳо бемалол парвоз намоянд. Парандаҳо дар шифти пешайвон лона сохтанд. Сурушҷон бо онҳо одат кард. Ҳар пагоҳӣ пашша, хомӯшак ва дигар ҳашаротро дошта дар қуттича ҷой мекарду то бегоҳ ба парастучаҳои навзод мехӯронд, ба онҳо об медод.
Чӯҷачаҳои парастуҳо наврас шуданду пари парвоз кушоданд. Як ҳафта боз фароштурукчаҳо чикчиккунон гирди ҳавлӣ парвоз доранд... Онҳо болои симчӯби кӯча нишаста, ба Сурушҷон бо нигоҳи миннатдорӣ менигаристанд.
Парастучаҳо намехостанд, ки манзили Сурушҷонро тарк намоянд. Онҳо бо ин писараки доно унс гирифта буданд.
Фароштурукчаҳо шодикунон поён парвоз карда, гирди сари Сурушҷон чарх зада, гӯё мерақсиданд. Ин дам очапарастуи калон пайдо шуда онҳоро наздаш даъват кард. Байни худ чиҳое гуфтанду боло париданд. Фароштурукчаҳо ҳиҷ майли рафтан надоштанд, аммо қонуни табиат онҳоро аз рӯи ҳавлӣ торафт дур мебурд.
Сурушҷон ба онҳо хайрухуш дошт, харчанд ҷудоӣ мушкил буд, аммо азм кард, ки то баҳори дигар дӯстони худ – парастуҳоро мунтазир мешавад.

АСПИ ИСКАНДАР

Ҳамин ки бегоҳ шуд, Искандаркӯл ором мешавад. Дигар ҷонзоте дар ин ҷо пар намезанад. Атроф хомӯшу ҳавлангез.
Дар ин торикии дили шаб маро хоб намебарад. Хоб аз дидаам паридааст. Баъди нақли мӯйсафеде, ки як умр дар мавзеи Искандаркӯл зистааст, дигар наметавон осонакак хоб рафт.
Бо ин ҳама худро ба хоб задам. Лекин нашуд. Хаёлам аз куҷое шиҳаи аспе баланд шуд. Боз суханҳои мӯйсафед дар гӯшам садо доданд: «Бачам, баъзе шабҳо аз Искандаркӯл садои шиҳаи асп ба гӯш мерасад, ин овози аспи Искандари Мақдунӣ аст, бовар кун...» Ночор берун баромада ҷониби

пешина
аз 193
навбатӣ