Аз пайи паланг

ЛОНАИ БУЛБУЛ
Аввал булбулон дар кишварҳои хеле дур маскан доштанд.
Он ҷо тухмгузорӣ барояшон мушкил буд ва ҳар сол аз тағйирёбии иқлим, муҳит села-села нобуд мегаштанд. Дар ин мулки бегона танҳо фасли тирамоҳ буду зимистон. Баҳор намеомад. Булбулон овозаи баҳору диёри кӯҳистонро шунида, ба ин ҷо омаданд. Диданд, ки айёми шукуфтанҳосту баҳори нозанин ҳукм меронад. Булбулонро гулу себарга, шамолу ҳавои форам хуш омад. Акнун дар баҳор хонишашон тозаву дилошӯб гашт.
– Чаҳ-чаҳи булбулро шунида одамон ба ҳайрат омаданд.
Охир, булбул парандаи муқимии диёр шуд ва хонишаш ба дилҳо сурур бахшида, нолааш ба фалак печид. Мардум бо ҳавас ин парандаро ҳазордастон, андалеб, булбул ном бурдаанд. Бо омадани булбулон бозори нағмаву хониши дигар парандагон касод гашт. Дигар касе овози онҳоро шунидан намехост. Аз аламу кина зоғу чуғз, буму каргас байни худ маслиҳат карда, ба лонаи булбул ҳуҷум карданд. Булбул бехонаву дар монд, аммо сурудхониашро давом додан гирифт. Он гоҳ аккаи шумхабар тухми буттаҳоеро, ки булбул лона мегузошт, дуздида пинҳонӣ, дуртар аз оби наҳр бурда таги хок кард. Булбулон аз ноилоҷӣ мавзеи сабзи бешаро тарк карда, дар буттаву ниҳолони қад-қади наҳр лона гузоштанд...
– Булбул гузаштаашро ҳар замон ба хотир меораду ғамаш тоза мешавад. Боғоту чамани бесоҳиб ва хониши парандаҳои навбаромад ба тааҷҷуб овардаш. Асло надида буд, ки акка суруд хонад, тавба. Ҳоло ҳамон аккаи дузду роҳзан ғазалхон шудааст. Булбулро хориаш омад ва дар ҳавои шамолу хиширхишири баргҳо овоз андохт. Чаҳ-чаҳи булбул оҳиста-оҳиста атрофро печонда, ба тани ниҳолон оромӣ бахшид. Дарахтони шикаставу ба тороҷ рафта дарди худро фаромӯш сохтанд.
Вале парандаҳои наҳсу шумхабарро боз овози ширадори парандаи биҳиштӣ нафорид. Чун абри сиёҳ зоғу заған болои сари булбул пайдо шуданду фазоро қар-қари зоғон пур кард.
Булбули яккаву танҳо чор тараф парида, аз алафзор ба боғи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё