Аз пайи паланг

тазйиқовар гашт ва бо рафтани ҳар лаҳза вазнаш бештар мегашт. Раис инро пай бурд, ки пас аз хомӯшии дароз бо овози шикаста гуфт:
– Ба шумо ҷавоб…
Ҷангалбони пир – Саид бо хотири ошуфта аз идораи кумитаи замин берун шуд. Дар чанд рӯзи охир танҳо ин андеша дар сараш мегашт, ки бо аз миён рафтани як кишвари бузург ногаҳ ҳама дигаргуна шуд, махсусан хислату хӯи одамон. То дина гӯё ҳама покдилу боинсоф буданд, аммо дар як дам пӯст дигар карданд, инсон буданд, шайтон шуданд монанди Носир. Оё мешавад, ки одам ин гуна зуд дигар шавад? Ё онҳо аз азал чунин буданду ҷаҳолату разолаташонро пушти ниқоб пинҳон мекарданд? Ин гуна суолҳо зиёд буданд дар мағзи Саид, вале ҷавоб ба онҳо пайдо набуд.
Баъди қазияи Носири гарданкаҷ мӯйсафед каме осуда гашт.
Аз он осуда шуд, ки як пора замини ободро аз чанги ҳанноте берун овард. Дина аз қитъаи Ҷамоли шогирдаш хабар гирифт.
Натиҷаи корҳо хурсандаш кард. Вале тамоми ин муддат ҳушу ёдаш боз ба гавазну хоби дидааш ва чашмаи Зелолак банд буд.
Ҳол ӯ дар банди Зелолак танҳо чашмаи обро ҷустуҷӯ дошт.
Ҳамин ҷо андаруни пудиназор чашмаи мусаффое буд. Обаш доим ях барин хунук. Гоҳе ки гузори мӯйсафед ин ҷо меафтид, ҳатман лаби чашма нишаста об менӯшид ва низ ҳамин ҷо нонашро тар карда мехӯрд. Баҳорон, дуртар аз чашма аз таги сангҳои суфтаю шикаста чукрӣ неш мезад. Болотар – майдони пиёзи анзур. Ӯ миёни алфзор қадам зада, ҷӯёи чашмаи шинос шуд. Тарҳи чашма ҳанӯз барҷо буд. Ҷангалбони пир хурсанд шуд, ки ақаллан пайи чашмаро ёфт. Пагоҳ белу каланд оварда онро тоза мекунам, қарор дод вай, ё шояд чашмаи гавазн гуфта дигар аст. Он чашма бояд ҳамеша ҷорӣ бошад. Ин ҷо танҳо тарҳи чашма ҳасту бас. Ӯ дудила шуда атрофро аз назар гузаронд. Роҳи дур мондааш карда буд. «Агар чашмаи гавазн ёд – кардаро меёфтам, шояд аз нав ҷавон мешудам» андешид ӯ. Ва ногаҳ дар пешорӯи мӯйсафед гавазни шинос пайдо шуд. «Ман омадам, ки чашмаи оби ҳаётро нишонат диҳам. Камтар он сӯтар, паҳлӯи санги...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё