Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷигарбандаш – ёдгории он айём паланги навомӯхт мезист.
Ҳоло ӯ ба атроф менигаристу дилаш таҳ мекашид, метарсид, боз ягона фарзандаш, ки аз авлоди палангон мондааст, аз дасти ин шикорчии бераҳм ба ҳалокат нарасад. Акнун палангон ба ҳар ҳаракату қадами шикорчии бепарво хуб зеҳн мемонданд...
Паланги пир ба фарзандаш наздик шуда, сару рӯи ӯро лесид.
Дасту панҷаҳояшро бӯид. Бовараш омад, фаҳмид, ки паланги навомӯхт, наслашро нигоҳ хоҳад дошт. Ин лаҳзаҳо паланги пир гӯё бо фарзандаш хайрухуш дошт ё ҳис мекард, ки ин охирин дидор аст, ки панҷаҳои ҷонварро ба дидаҳояш молида аз ин ҳаловат мебурд. Дар нигоҳаш хаёле ашк ҳалқа мезад.
Паланги навомӯхт, ки ҳар имою ишорати модарашро зуд мефаҳмид, дигар қудрати дидани ҳолати музтари модарашро надошт. Ва ӯ ҳамаашро фаҳмид, донист, ки вохӯрии ҳамин шикорчӣ боиси аламу хориҳои модараш гаштааст. Донист, ки аз ин баъд бояд аз одамизод паноҳ бурд. Паланги навомӯхт зуд пай бурд, ки ин шикорчӣ чӣ қадар бераҳму шафқат будааст...
Шикорчӣ ин дам дунёро ором дида, дар бари харсанги азиме қарор гирифт. Харсанг аз ҷои исти палангон он қадар дур набуд. Шикорчӣ дар як дам борхалтаашро ба замин партофта аз атрофаш гулу гиёҳҳои нодиреро шикаста, ҷамъ карда чайла сохт. Ӯ дар чайлааш дастархон густурда кабки захминеро, ки саҳарӣ ба дом гирифта буд, пӯст канда дар лахчаи оташ дуд дода кабоб кард. Сипас, аз борхалтааш шишаи арақ бароварда бо кабоб шикамсерӣ хӯрд. Завқ бурдагӣ барин аз даруни борхалтааш боз як бори дигар ғаниматҳояшро бароварда шумурд.
Ду кабки ҳилолу суғури куштаро хуб палмосида зери лаб суруд хонд...
Очаю бача ғур-ғури шикорчиро хуб мешуниданд. Ин лаҳзаҳо ҳисси интиқому қасос вуҷуди палангро ба раъша меовард. Мехост дар як дам ба ин шикорчӣ ҳуҷум карда, гулӯяшро бидаронад. Аммо боз истиҳола мекард. Намехост, ки қонуни дерини аҷдодашро халалдор созад. Охир, дар ҳеҷ як давру замон паланг ба рақиби дарғафлатмондааш ҳуҷум накардааст-ку, – меандешид паланги пир.
Акнун паланг аз фарзандаш дилаш пур буд. Дар сараш танҳо нияти нест кардани шикорчиро мепарварид. Ӯ гуё бо ин

пешина
аз 193
навбатӣ