Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

соҳибаш – ин чӯпони пир монд. Ҳиҷ ақли сагонаи ҷонвари безабон намегирифт, ки чаро соҳибаш ин қадар ӯро дӯст медораду дигар ҷонваронро бад мебинад. Ҳоло чӯпон аз саги донояш чашм намеканд. Саг ҳам аз камони сари дасти чӯпон рамуз гирифта мефаҳмид, ки чӯпон ба шикор мебарояд. Саг ҳиҷ намефаҳмид, ки чаро соҳибаш душмани ҷонии ҳамҷинсони ӯ мебошад. Охир, аз дасти ин чӯпони бепарво дар ин атроф дигар на рӯбоҳ мондаасту на гургу кабк...
Аз тани саги вафодор бӯи қӯтани гӯсфандон, бӯи барф меомад. Чӯпони пир камонашро сари китф карда сагро кашолакунон баромад. Дар берун беист барф меборид. Қӯтани гӯсфандон сафедӣ дошт.
Чӯпон роҳравон гоҳе ба саг, гохе ба талу пуштаи сап-сафед нигариста, ҳаловат мебурд. Ҳавои тозаро боҳузур нафас кашида, бардам-бардам қадам заданӣ мешуд. Аммо саги рамузфаҳм ҳамаашро медонист. Дар тӯли чанд соли бо ин чӯпони пир умр ба сар бурданаш ӯро хуб омӯхта буд. Вале дар тамоми ин солҳо ҷонвари безабон ба як чиз сарфаҳм намерафт – чаро чӯпон душмани бошандагони дашту ҳомун – ҷонварону парандагон гаштааст? Саг, ки дар умри худ ба ғайр аз чӯпону гӯсфандон дигар бо касе ошноӣ надошт, хаёл мекард, ки тамоми насли одамизод душмани ҷонии ҷонварону ҳайвонот, ҳатто долу дарахтонанд. Саг бо ҳамон ихлоси сагонааш аз қафои соҳибаш равон буд. Саги чӯпонӣ чашмони сабзи шӯълапош, пеши синаи барҷаста дошта, хеле нотарсу чолок буд. Саг дами шикор зуд ба ҳар имою ишорати чӯпон сарфаҳм мерафт. Ҳангоми ба сайдаш ҳамла намудан пайкараш хаёле меёзид, пашми танааш сих зада, якбора пеши чашмонашро хун мегирифт. Сипас, худро бо як сари дав ба рақибаш расонда, сайдро таги по мекард. Ин амалҳои ӯро чӯпони пир нағз медонист, аз ин ҷиҳат дилаш аз саг пур буд...
Талу теппаҳои барфпӯш як-як паси сар мешуданд. Аз зери хорбияву ниҳолҳои шикастаи кӯҳу камар кабк ё мусичаи аз тарси ин меҳмонони нохонда парвоз карда, маконашро дигар мекард. Аз пайроҳаи шинос чӯпони пир бепарвоёна мегузашт ва бо салобату ғурур гашташро метезонд. Саг ҳам майнааш гич рамузгирона медавид. Шамоли сарде танашро

пешина
аз 193
навбатӣ