Аз пайи паланг

гарро хуншор мекарданд. Гургон чашмдори чунин ҳарифи тавоно набуданд, ки шасташон гашт. Аммо саги чӯпон якеро паси дигар таги по карда, мехост бе хунрезӣ онҳоро таслим созад. Вале гургон низ паст наомада гоҳе ба гардану пойҳои саг часпида, неши дандонҳои худро дар баданаш боқӣ мемонданд.
Се гурги захмин ночор рӯ ба гурез ниҳоданду саг ба гурги охирин дарафтоданӣ шуд. Аслан худи саг намехост гургон ҳадафи тири чӯпон қарор гиранд. Бисёр мехост, ки ақаллан ин ҷонварон аз ин талошҳо гурехта ҷон ба саломат баранд.
Саг ба гурги охирин наздик шуданӣ буд, ки нӯлаи шикваомезе баланд гардид. Нӯлаи ҷигарсӯзи саги гургмонанд хомӯширо шикаста, сагро ҳушёр кард. Саг аввал чизеро нафаҳмида дандонҳои ашкашро намоишкорона гиз намуда, ғуррос зад. Аз оғӯши барфистон ҳамоно овози гирифтаи соҳибаш – чӯпони пир ба гӯши саг мерасид. Аммо саг ором буд, овози таҳдидомези чӯпон ҳам ба саг таъсир накард. Аз ин вохӯрии ғайричашмдошт саги чӯпон қадре гаранг шуд, зеро ӯ модасаг – модари гумкардаашро хира-хира ба ёд овард. Хуб зеҳн монда фаҳмид, ки рӯ ба рӯяш модараш истодаасг. Уллоси бадарде кашида, ба модасаги пири гургмонанд наздик шуд.
Меҳри модарӣ аллакай дар вуҷуди саги чӯпон ғалаён дошт.
Қади баланд, пойҳои серрагу пай, пашми ҷо-ҷо рехтаи модасаг ӯро ба гург монанд карда буд. Дар як дам пеши назари саги чӯпонӣ лонаи сарду пистони модараш падид омад. Он айём нав ӯ ва ёронаш ширмак буданду акнун чашм мекушоданд. Он рӯзҳо бо чӣ азобҳое модасаг онҳоро шир мехӯронд. Рӯзе бо пистони пури шир хона омаду бачаҳояшро пайдо накард. Аз он айём чӣ қадар вақт гузашт, акнун модасаг хира-хира ҷигарбандашро мешинохт. Саги чӯпон дар пеши пои модараш ғел-ғелак зада, нӯла мекашиду дум меликонд, зорӣ мекард.
Ӯро хумори модар, хумори айёми ҷавонӣ гирифта буд, ки нӯлаи беохир баланд шуда, дар барфбоди нопайдоканор хомӯш мегашт. Чӯпони пир аз ин манзара дилтанг гашт. Ӯ хаёл кард, ки саги вафодораш куҷвел меҷӯяду бо он модагург изҳори муҳаббат мекунад. Чӯпони пир аз куҷо медонист, ки ин гург набуда, балки ҳамон модасагест, ки як вақтҳо саги ӯро ба дунё оварда буду акнун онҳо рози ошноӣ меҷустанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё