Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин дам аз болои катаки мурғон гаҳвораҷунбоне поён фаромад.
Мор бошад, қариб ба катаки мурғон расида буд ва мурғон аз таҳлука беқарор мешуданд. Худро ба дару девори катак мезаданд. Ҳар гуна овозҳои пурхавотир мебароварданд. Ҳамин қадар монда буд, ки бобои Рауф барои кушодани дари мурғҳо шитобад. Аммо ӯ ба чӣ андешае аз ин кор худдорӣ намуд.
Бачаҳо акнун интизори ҷанги мору гаҳвораҷубон буданд.
Онҳо шояд гумон доштанд, ки мор бо як ҷаҳд кори ғаҳвораҷунбонро тамом мекунад. Аммо ғайричашмдошти онҳо мори бадҳайбат ба гаҳвораҷунбон нигаристу аз хазидан бозмонд. Сипас, забончаашро бароварда ба гаҳвораҷунбон ҳуҷум кардан хост. Гаҳвораҷунбони ҷасур ду қилаки тори сарашро мисли сӯзан рост карда, ба ду пои пешаш ба мор ҳамла намуд. Ду пои пешашро боло бардошта чун ништаре ба сару рӯи мор якбора фурӯ халид. Акнун аз ҳайбати мор дигар нишоне намонда буд ва ӯ талвосаи гурехтан дошт. Онҳо муддате афту дарафт карданд. Гаҳвораҷунбон ниҳоят пойҳои худро чунон ба сари мор халонид, ки мор сари худро дигар аз чанголи ӯ халос карда натавонист…
Оқибат мор хастаю хуншор бо сад азоб ҷонашро халос карда, рӯ ба гурез ниҳод. Бачаҳо акнун морро ба ҳоли худ гузошта, ба катаки мурғон наздик шуда, аз гаҳвораҷунбон чашм намеканданд. Гаҳвораҷунбони нотарс ҷуссаи хурдашро ҷамъ карда, ҳамчу ғолиб ва бо як тамкини ба худ хос боз болои боми катак мебаромад. Мурғони аз доми бало раста акнун андаке ба худ омада, дар катаки худ равуо доштанд:
гӯё нафаси озод мекашиданд. Вале кай медонистанд, ки як гаҳвораҷунбони одӣ онҳоро аз дами марг наҷот медиҳад…

пешина
аз 193
навбатӣ