Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сиёҳӣ зада худро аз баландие сарозер медид. Мехост тан ба тақдир диҳаду хомӯшона маргро истиқбол гирад. Аммо боз садои дилхароши ҷигарбандонаш ӯро бедор мекард ва ӯ роҳи наҷот меҷуст. Пои маҷрӯҳашро лесида ба доми занҷирдор нигоҳ мекарду уллос мекашид. Нӯла мекард талху ҷонгудоз. Лолаҳои дашт ба нолаҳои пурсӯзи гурги пир тоб наоварда алвонҷхӯрон гӯё ашк мерехтанд. Ӯ дигар илоҷе наёфт, ки пои ғарқоби хунашро ба хоидан даромад.
Гӯшти пояшро меканд. Пораҳои пурхуни гӯшт аз даҳонаш мерехтанд. Гоҳе аз ҳуш мерафту бехудона сар ба зер меафканд. Аз замин мадад меҷуст. Касе ба додаш намерасид. Селаи ашку борон аз ду бари рӯяш метаровид. Нолаи ӯро кӯҳу дара ба дуриҳо мебурд. Ӯ пояшро хоида оқибат худро аз банди дом раҳо кард... Модагург сепо акнун ҷониби бачаҳояш медавид. Лангон-лангон медавиду нӯла мекашид.
Талх мегирист. Донаҳои борон ба қалби пурдардаш ангушт мезаду зардобе бо чакраҳои он поён метаровид...

НОЛАИ САГ

Модасаг гашташро тез кард. Намехост ба одамон рӯ ба рӯ шавад, хусусан бо бачаҳои гузари поён. Онҳо мисли дигар кӯдакон сарашро сила намекарданд, балки бо сангу кулӯх пешвозаш мегирифтанд. Шояд ба ин бачаҳо не, Валии зард, ки дар саргаҳи кӯча мезист, гунаҳкор бошад.
Ва саги пир ба ёд меоварад…
Он вақтҳо ӯ ҷавон буд. Соҳибаш бобои Аҳмад ӯро ҳамроҳаш ҳама ҷо мебурд. Навозишҳо мекард. Саг аз меҳрубониҳои ӯ масрур буд. Дарвозаи фермаро посбонӣ мекард, ба кучуки навзодаш тариқи посбонӣ меомӯхт. Ва ӯро боз симои ҳафт ҷигарбандаш пеши назар омад. Валии зард пеш аз ин як кучукашро кушта буд. Саг инро медонист. Лаҳзае бозистод, нӯла кашид ва ба ҳафт пушти Валии зард нафрин хонд...
Модасаг ҳар шаб ӯро медид. Қаноре пур аз кунҷора ё коҳ амсоли соя аз коҳдони ферма берун мешуд. Модасаг меҷакид, ӯро дунболагир мешуд, Бобои Аҳмад аз ҷакиданҳои саги ва-

пешина
аз 193
навбатӣ