Аз пайи паланг

Ҳангоме ки садои тир баромад, Ҷамол селаи парандаҳоро назора дошт. Дар шохи бурси бузург як ҷуфт тазарв нишаста буд. Поёнтар аз миёни алафзор сангпуште базӯр роҳ мерафт.
«Агар шикор кам шавад, ё ақаллан дар мавсими имсола пешгирӣ гардад, шумораи мурғони даштӣ хеле зиёд мешавад– худ ба худ гуфт Ҷамол,– аммо ба сангпуштҳо чӣ шуда бошад.
Дар ҷумҳурии мо танҳо як намуди сангпушт ҳаст. Ҳамин ҳам кам мондааст». Ӯ сангпуштро аз миёни буттаҳои печида халос карда ба кафи даст гирифт. «Натарс, ман макони алафҳои доруиро нишонат медиҳам». Ҷамол сангпуштро силакунон навозиш намуд. Сангпушт муносибати неки одамро пай бурд магар ки сар бардошта ба атроф нигоҳ кард. Ҷамол сангпуштро сар дод. Вай дар як дам миёни алафзор ғайб зад.
Ҷамол як сол боз ҷангалбон аст. Ӯ мисли дигар ҳамсинфонаш шаҳр нарафт, меҳри ҷангал, гавазну оҳубарраҳо, мурғони даштӣ ӯро ба ин ҷо овард. Моҳҳои аввал ҳеҷ аз тамошои ҷангалу пуштаҳои сарсабз сер намешуд. Аз дидани манзараҳои кӯҳ лаззат мебурд. Худашро хушбахт медид. Вале дертар дид, ки ин зебоиҳо, ин ҷонварони бепушту паноҳ душманони зиёд доштаанду бадтаринаш одам будааст. Барои надидани кӯрдилиҳои одам хост ҷангалбониро тарк кунад, аммо дилаш ба ҷангалбони пир – Саид сӯхт. Натавонист ӯро танҳо гузорад. Медид, ки ба ӯ мушкил аст, як худаш танҳо, шабу рӯз аз пайи ҳифзи ҷангал мегардад. Инсони неку дӯстдори обу хоки диёр аст. Ин хел одамон ҳоло ангуштшуморанд.
Атроф ором буд. Аммо як гӯшаи дили Ҷамолро чизе сиёҳ мекард. «Ба мӯйсафед ягон воқеа рӯй надода бошад?» Вай болои харсанг баромада дастро ба пешонӣ соябон кард ва ба сӯе, ки садои тир омада буд, нигарист. Нигоҳаш ба нишебии рӯ ба рӯ бархӯрд, дид ҷангалбони пир лаҷоми асп дар даст хастаҳол сӯяш меояд. Аз қадаммонияш пай бурд, ки ҳодисае рух додааст. Агар ӯ орому шод бошад, қадамзаниаш ҳам фарқ мекунад, дилпур меояд, агар кораш омад накунад, ошуфтаю парешон меояд. Мӯйсафед ҳоло аламзада метофт. Вай аспашро ба пояи хаданг баст, худ назди Ҷамол омад.
– Ҷамол, бачам, медонӣ чӣ қадар мушкил аст, вақте ки туро намефаҳманду аз дарди дилат огаҳ нестанд. Охир, ман чил соли зиндагиамро сарфи ҳимояи ҷангалу ҳайвонот кардам, мехоҳам то охири умр ба ҳамин пеша содиқ монам. Аммо мебинам, ки солҳои охир ҷангалу ҳайвонот бепушту паноҳ мондаанд. Зимистони гузашта аз хунукиву гуруснагӣ чӣ қадар ҷонварон несту нобуд шуданд. Аз ин касеро парво нест.
Сукути гароне ба миён омад. Ҷамол аз нигоҳи мӯйсафед рамуз гирифта пурсид:
– Падар, ҳар гоҳ шумо дар бораи ҷангалу ҳайвонҳо гап мезанед, ҳис мешавад, ки нохушие пеш омада. Ҳодисае рух дод?
Ман садои тирро шунидам…
– Ҳа, имрӯз Носири гарданкаҷ боз шикордуздӣ кард, лекин метарсам, ки чун ҳамеша аз об хушк мебарояд,– бо ҳасрат гуфт мӯйсафед.
– Шумо бошед, ҷони худро зери хатар монда, бо ӯ дастбагиребон шудед, албатта.
– Чӣ фоида? «Бори якум нест, ки шумо маро дастгир мекунеду ҷарима мебандед. Аздусар боз халос мешавам» – нописандӣ кард Носир ва дӯғ ҳам зад, ки ба ҳукумат шикоят мебарад.
Ҷамол телефони ҳамроҳро аз киса баровард, рақам чид, куҷое занг зад, сипас қотеона гуфт:
– Ин дафъа ҳуҷҷатҳоро ба додситонии вилоят месупорем, бинем, боз кӣ тарафашро мегирад, – ва даст ба китфи мӯйсафед гузошт.
Саид навмедона гуфт:
– Ман кабкҳоро аз дасташ гирифтам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки вай сайди дигаре низ дорад ва куҷое пинҳон кардааст.
Соате пас мошине дар марзи ҷангал пайдо шуд. Мошин дарахту буттаҳоро зер карда, рост назди онҳо омад. Аз он ду нафар милиса берун омаданд ва гӯё Ҷамол одам набуд, ки ба ӯ нигоҳ накарда ба мӯсафед рӯ оварданд. Оне, ки рутбаи баландтар дошт, гуфт:
– Ҳа, бобои Саид, ҳеҷ тинҷ намегардӣ-да. Боз чӣ гап шуд?
– Шумо ҳомии қонун, медонед, ки дар мамнӯъгоҳ шикор мумкин нест. Ун беимон гавазнҳоро, ки ба Китоби Сурх дохил шудаанд, шикор мекунад. Ана, акт ҳам тартиб додем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё