Аз пайи паланг

Милиса гӯё нав Ҷамолро дид, ки ба сӯи ӯ нигоҳи кӯтоҳе карду бепарво гуфт:
– Бо актҳоят сари моро гаранг кардӣ…
Мӯйсафед аз чунин муомила нахуст тааҷҷуб кард, сипас хашмаш омад:
– Шумо ин ҷо барои маҳкум кардани мо омадед, ё ...
Милиса паст наомад. Ӯ ба ҳар роҳ мехост алови чашми пирмардро гирад:
– Бобои Саид, охир саратро мехӯрӣ бо ин якравият. Ҳамеша Носирро ба шикордуздӣ муттаҳам мекунӣ? Ин навбат бо камон таҳдид кардаӣ!
– Худо шоҳид, Носирро ҳангоми шикордуздӣ дастгир кардам.
– Шуд, ба идораи милиса меравед, он ҷо маълум мешавад.
Дар дами пирӣ милисахонаро ҳам дид мӯйсафед. Пештар касе ҳад надошт, ки бе иҷозатнома вориди мамнӯъгоҳ гардад.
Шикор набуд, хурду калон медонистанд, ки бо камон вориди ҷангал шудан мумкин нест. Он айём шумораи ҳайвонот, парандаҳо хеле зиёд буд. Ҳоло чӣ? Аз дасти шикордуздону ҳаннотон дар кӯҳу дашт гулу буттаи доругиву парандаву чаранда намондааст. Мӯйсафед бо ҳамин фикру хаёлҳо дохили бинои милисахона шуд ва сардори милисаро пурсид. Навбатдор сард «сардор нест» гуфт. Мӯйсафед хиҷилу дилшикаста каноре нишаст.
Чӣ рӯзҳоеро аз сар гузарондааст ӯ. Даҳҳо нафар шикордуздонро ба маҳкама кашида, ҷони ҷонварони зиёдеро харидааст.
Агар он чормағзи пиру он чашма забон медоштанд, чӣ қиссаҳое аз рӯзгори ӯ мекарданд. Ҳамсолонаш рӯзро дар масҷиду чойхона кӯр мекунанд. Ҷои хӯрду хоби ӯ болои сабзаву рӯи тобасанги кӯҳу дара аст…
Садои милисаи навбатдор мӯйсафедро ба худ овард. Ӯ дохили дафтари кори барҳавои сардор шуд.
– Корҳо чӣ хел, мӯйсафед, ҷангал дар ҷояш?
Пурсиши сардори милиса ба назараш сарду таҳқиромез тофт. Мӯйсафед ранҷид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё