Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

оворагиҳо боз гашта назди дарвозааш омад, овоз баровард, изҳори умед кард. Модахар аз пайдо шудани соҳибаш хурсанд шуд. Гумон дошт, ки ҳоло ӯро дар оғил ҷой хоҳад дод. Лекин ғайричашмдошт Карими даллол харашро зери мушту лағат гирифт.
– Ҳой падарлаънат, куҷо омадӣ, рав, коҳу бедаам базӯр ба гов мерасад. Дар чиллаи хунукӣ ин ҷо хок мехӯрӣ?!
Хар ноилоҷ қафо гашт.
Бобои Раҳмат, ки дар ҳамсоягии Карим мезист, ин манзараро тамошо карда, бетоқат шуду назди вай омад.
– Эй беинсофе, ин чӣ кори кардагиат, магар одами мӯъмину мусулмон ба ҳайвони безабон чунин муомила мекунад, ҳа?
– Чӣ кор кардам, магар ин рафтори ман бад аст? – Худро ҳайратзада вонамуд кард Карим.
– Наход одам дар чиллаи зимистон харро аз ҳавлӣ бароварда пеш кунад, – афзуд бобои Раҳмат. Ӯ базӯр ғазабашро фурӯ бурда сари по истод.
– Эй мӯйсафеди гаранг. Як хар будааст-да. Чӣ воҳима дорӣ, мехоҳӣ ҳаққи гову гӯсолаамро, коҳи захира кардаамро ба ин ношуд диҳам, ҳа. Не, не, намешавад, – забон хоид Карим ва илова кард: – Мӯйсафед, ба худат маълум, ин зимистон сахт омадааст, ҳатто чанд кӯдак аз сардӣ мурд. Аҳволамон бад аст, мефаҳмӣ.
– Мефаҳмам, нағз мефаҳмам. Лекин беинсофӣ ҳам ҳадду ҳудуд доштагист. Бин, канӣ дар деҳа кӣ харашро берун баровардааст, одамон тоқат карда гаштаанд-ку...
Рӯзи дуюм аст, ки барф меборад. Дар қади кӯча ду-се саги бесоҳиб монда буду халос. Сагҳои ҷонсахт худро ба чор тараф зада, оқибат паси мағозаи хусусии кали Ҷаббор ҷой гирифтанд. Хайрият, касе онҳоро аз он ҷо пеш накард.
Лекин аҳволи хари пир бад шудан гирифт. Аз гушнагию хунукӣ сахт ба танг омад. Ноилоҷ монда буд. Модахар рӯзи дуюм гушнагиро ҳам фаромӯш кард. Аз оби кӯлмаки поёни деҳа хуб нӯшид, ду-се пӯсти дарахту шохчаҳои арчаро ёфта хоид. Ҳис кард, ки шираи шохча талх аст, комак зада нӯшхор карду ноилоҷ оби даҳонашро фурӯ бурд.
Дигар модахар гуруснагиро ҳис намекард, сар то пояш дар

пешина
аз 193
навбатӣ