Аз пайи паланг

Якбора авзои Карими даллол дигар шуд. Вале ӯ, ки дар савдо устухон надорад, худро бой надод.
– Камтар инсоф бикун, додар. Охир, як ҳайвони ифлос – чорсад сомонӣ, ҳа...
– Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ, ба корам халал нарасон.
Карими даллол аз чунин сурат гирифтани савдо дилтанг шуд.
– Шутур ҳам бошад, ба ин қадар пул намеарзад...
Карими даллол боз як бори дигар бозорро давр зад. Лекин ҳушу ёдаш ба хар банд буд. Як илоҷ карда маркабро харидан даркор. Он нархар ҷавону бақувват аст. Боз чанд соли дигар хизматашро хоҳад кард. Ин хел харро дигар аз куҷо меёбам, – аз дил гузаронд Карими даллол.
Бо ҳамин андешаҳо ӯ боз гашта назди соҳиби маркаб омаду бо зорию тавалло ба кафи дасташ 350 сомонӣ часпонд.
– Барака ёбӣ, не нагӯй...
Сардӣ ҳай тӯл кашид. Дар деҳа коҳу беда кам монду азоби беҳезумӣ афзуд. Мардум аловӣ мекофт...
Бобои Раҳмат ноилоҷ модахарро савор шуда роҳи даштро пеш гирифт. Ӯ дар қади дара аз хар фуромада ҳайвонро аз нухтааш гирифт. Мӯйсафед ба чор тараф чашм дӯхта ҳезум мекофт. Ин дам яке хандаи ноҷое баланд шуд.
Мӯйсафед дид, ки дуртар Карими даллол болои нархари наваш нишаста мушханда дорад.
– Ҳа, мӯйсафед, дилат ба модахар сӯхт, ки пиёдаӣ.
– Эй, ин туӣ Каримбой, муборак шавад, боз хардор шудаӣ.
Каримро аз ин муомилаи мӯйсафед хориаш омад, аламаш кард, аммо муғамбирона рӯй ҷониби вай тофта гуфт:
– Ана, бин чӣ хел хари ҷавону боқувват, нав аз деҳаи ҳамсоя харида овардам. Ин модахари наҳс насибат кунад, бахшидам, гир. Лекин савораш шав, ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ.
Аз ин хандаи дандоннамои Карим мӯйсафед хафаву малул шуд. Чӣ ҷавоб гуфтанашро надониста хомӯш монд. Танҳо баъди лаҳзае сукут гуфт:
– Карим, биё, ин гапҳоро як сӯ мону ягон ҷои сершоху навдаро нишон деҳ.
– Ана, ин гапи дигар, – бо салобат гуфт Карим. – Биё аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё