Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хина ӯро дунболагир аст. Шикорчии сурхина ҷонсарак хаёле аз мурдан наметарсид ё ҷонаш аз санг буд, ки ларзидаю палмосида бо сару тани пурлой, мӯзаҳои нам аз қафои хуки ёбоӣ ноаён меомад.
Панҷаи боду шамол чун сӯзан ба тани шикорчӣ мехалид ва бод гӯё қасди қадами ӯро рӯфтан дошт, ин дам хуки пири ёбоиро хунукӣ таъсир надошт, балки ӯ аз барф ҳузуру ҳаловат мебурду бехабар аз тақдир, оламу одам ба ҷангалзори дарун наздик мешуд.
Хук танҳо дами ба паноҳгоҳ наздик шудан яке истод, гӯш ба қимор шуд, ҳиҷ бовараш намеомад, ки рақибаш то ҳанӯз ӯро думболагирӣ дорад. Бӯи одамиро ҳис карду аҷабаш омад, наход одамизод ин қадар ҳилагар бошад, ҳа. Боз хавфи нав ҳис карда фукашро тарафи боди тунд вазидаистода гардонда, ҳаворо бӯ кард. Аламаш афзуд. Одамӣ бо ин ҳама ақлу фаросат ва шуури баланд назар ба ҳама мавҷудоти олам гоҳо аз дарки чунин ҳиссиёти дарандагону ҷонварон оҷиз аст. Инсон мебинаду мешунавад, ҳис мекунад, вале ҷонварон низ бо имову ишорат, овоз мақсаду мароми якдигарро мефаҳмонанд.
Хуки ёбоӣ ноилоҷ бо овози махсуси худ хукбачаҳоро аз наздик будани душман огоҳ кард. Сипас дандон гиз карда пайт кофт, ҳаворо бӯй кард ва рақиби бемурувваташро ёфт.
Шикорчӣ ин дам хуки ёбоиро ба нишон гирифта буд. Тир ин дафъа набояд хато хӯрад. Он гоҳ бо тири дуюм хукбаачашро ҳам аз пой хоҳад афтонд. Чӣ, магар қавлу қасам беҳуда буд.
Охир, ман бояд авлоди ин хукҳоро нест кунам, аз дил гузаронд шикорчӣ...
Шикорчӣ куланги милтиқро кашиду кундаи таги оринҷаш яке ларзид ва тир боз хато хӯрд. Воқеа ғайричашмдошти ӯ ранги дигар гирифт. Хуки ёбоӣ чапғалат дода фирор кард.
Ҳайвон дигар имкони паногоҳ рафтан наёфт, балки шояд нахост, ки шикорчӣ хукбачаҳоро бинад. Аммо шикорчии сурхина бо шаст паногоҳ давида, ба хукбачаҳо тамоман наздик шуд.
Хукбачаҳо, ки то ин дам одамро надида буданд, нигоҳи тааҷҷубовари худро аз шикорчӣ намеканданд. Онҳо нагурехта, балки бо ҳисси кунҷковию ҳавас сӯяш назар дӯхтанд. Маънӣ кӣ бошад, ин махлуқ ва дар ин дили ҷангал аз онҳо чӣ мехоста

пешина
аз 193
навбатӣ