Аз пайи паланг

ҳис намекард. Ҳаёт дигар барояш маъно надошт. Баъди марги хукбачаҳо худашро дар рӯи замин хору зор дид. Дигар на ҷуфт дошту на сарпаноҳ. Сафари шикорчӣ гумон кард, ки кори хук тамом шудааст. Ӯ ғолибона табассум ба лаб милтиқашро рӯи даст бозӣ медоранд. Лаҳзае қомат хам карда, хост милтиқашро монда сӯи хуки нимҷон равад, ки яке чашмаш ба ҳамсояҳо, аҳли байташ афтод.
Онҳо бо имою ишора ба шикорчӣ мехостанд чизеро фаҳмонанд, вале зунуки ҳамаашон ба дарун зада барин.
Шикорчӣ танҳо ба имою ишораи онҳо зеҳн монда, яке чашмаш ба хуки ёбоӣ афтод. Ҳайрон шуд, мӯи баданаш сих шуд.
Ҳангу мангаш канд, рӯяш дока барин сафед шуду лабонаш пир-пир париданд.
Дар рӯ ба рӯяш хуки ёбоӣ рост меистод. Шикорчӣ ба даҳшат афтода, зери лаб «Ло ҳавла ё наузанбиллоҳ» гӯён хост ба милтиқ тир ҷой кунад, аммо дасташ нарасид. Хуки ёбоӣ нохост бо як ҳамлаи тез бо фукаш ба шикорчӣ ҳуҷум кард. Ва шиками ӯро дариду худ қафо гашта, рӯ ҷониби кӯҳсор гурехт.
1ВМОДАКАБК
Модакабк аз чӯҷаи навзодаш хавотир буд. Акнун се чӯҷаи дигарашро, ки дар чоррӯзагиашон ба дасти одамон афтодаанд, қариб фаромӯш кардааст. Дилаш ба ҳоли чӯҷаи паршикастааш месӯзад. Модакабк чӯҷаи ҳайрону зорашро, ки базӯр роҳ мерафт, аз байни буттаҳо, алафҳои зардгашта гузаронида, ба замини тӯғайзори паси теппа хамид.
Аз қади пуштакӯҳ то лаби чашмаи хунукак ҳар ҷо-ҳар ҷо алафҳои гуногун, ниҳолони зарбеду дӯлона, олучаи худрӯй месабзид. Модакабк ин маконро хеле хуб медонист ва ҳоло кӯшиш мекард, ки атрофро ба кабкчӯҷаи маҷрӯҳаш нишон диҳад, ба ин ҷонвараки навзод тариқи шикору аз одамон паноҳ бурданро омӯзад, то чӯҷааш беҳуда тӯъмаи душман нашавад.
Ин вақт боз чӯҷаҳои нав пар баровардааш ба ёдаш омаданд.
Рӯзҳои аввал модакабк он чӯҷаҳоро аз назди лонааш он қадар дур намебурд. Аз шикорчиёни бераҳм сахт метарсид. Ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё