Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бад не, писарам.
– Чӣ хел бад не, ки рӯздармиён аз болои шумо ариза меояд.
Одамон менависанд, ки баҳудаю беҳуда онҳоро меранҷонед.
Дирӯз ба корманди мо дағалӣ кардед.
– Писарам, ҷангал моли ҳама, моли мардум аст. Онро бояд ҳам шумо, ҳам ман ҳифз кунем ва ҳам фарзандони ману шумо…
Мӯйсафед суханашро то охир набурд, сардор барошуфт.
– Мо кори дигар надорем? Ба ҷои пеши роҳи ҷинояткоронро гирифтан нисфи кормандон аз паси шумо овораанд.
Бас кунед худсариро, аз мӯи сафедатон шарм доред…
Бобои Саид бо садои шикаста гуфт:
– Чӣ кори носавоб кардам?
– Кӣ ба шумо ҳақ дод, ки ба Носир барин марди мӯътабар шикордузд гӯён тӯҳмат занед?..
– Маро ҳам гӯш кунед, агар гунаҳам бошад, ҷазо диҳед,- гуфт мӯйсафед озурдахотир. – Ҷангал боигарии давлат аст.
Носири гарданкаҷ барин муттаҳамҳо онро нобуд мекунанд.
Мана, ҳуҷҷат, вай як ҳайвони нодир – гавазни бухороиро паронд.
Сардори милиса дарк кард, ки ба мӯйсафед гап гузаронидан мушкил аст, таҳдидаш кард, ки агар минбаъд аз болояш шикоят шавад, парвандаи ҷиноӣ боз мекунад ва гуселаш кард.


Дар рӯи ҳавлӣ пайдо шудани мӯйсафед ҳамсараш – кампири Оишаро хурсанд кард. Хост ӯро меҳрубонӣ кунад, гӯяд, ки минбаъд низ ҳамин хел барвақттар хона биёяд. Вале шавҳарашро малулу ранҷур ёфт. Пай бурд, ки ҳодисае рух додааст. Чизе напурсида чою нон овард, дуртар нишаст:
– Чаро ин қадар худатро обу адо мекунӣ? Корат дар ҷангал гаштану аз паси ҷонварон давидан. Пир шудӣ, нафақа баро, дам гир.
– Ин хел нагӯ, занак. Хонаамон назди мамнӯъгоҳ, зиндагимон орому осуда, боз чӣ лозим?
– Дар ин синну сол ба ту ин корҳо намезебад. Замона дигар шуд...

пешина
аз 193
навбатӣ