Аз пайи паланг

ба ӯ меҳр баст. Акнун шоҳгавазн аз паси Саид рамаро ба ҷои даркорӣ мебурд.
Он зимистони сард ду гавазн талаф ёфт. Он ҳам бо айби одамони деҳа, дурусташ шикорчиён. Шикорчиёни беинсоф шабона ду гавазни ҷавонро, ки дар барфбод монда буданд, захмӣ карданд. Барои онҳо шикори гавазнҳои бухороӣ ҷашн буд. То ин дам онҳо бештар кабку оҳу ё хирс шикор мекарданд. Пас аз он ки аз оҳувони бухороӣ огоҳӣ ёфтанд, дигар шабу рӯз аз пасашон мегаштанд. Саид то чӣ андоза бераҳм будани инсонро ҳамон зимистон фаҳмид. Ва боз донист, ки ҷонварон низ монанди одамон дар доираи қонуну қоидаҳои хос зиндагӣ мекунанд, фармонгару фармонбар доранд, дар ҳудуди муайян мезиянд, дар лаҳзаҳои душвор ба якдигар ёрӣ медиҳанд. Замистони нахустро оҳувон хеле душвор паси сар карданд. Баҳор омад.
Саид пас аз сарҷамъу ором дидани рамаи оҳувон лаби чашма фуромад, миёнбандашро кушод, нони хушкро ба оби сард тар карда хӯрд. Вай ин чашмаро бори нахуст медид. Оби чашма ҳай ширин буд, ба назари ҷангалбон чунин намуд, ки он ба оби дигар чашмаҳои атроф намемонад, мазаву сардиаш фарқ дорад. Бори дигар каф ба об зад ва ногаҳ ҳикояти дар кӯдакӣ аз падар шунида ба ёдаш омад. Падар қисса мекард, ки рӯзгороне дур ин ҷо чашмаи оби ҳаёт будааст. Аммо он аз чашми касон пинҳон буд, ба ҳар кас ошкор намешуд. Боре шикорчиҳо оҳубарраеро захмӣ карданд, вале он дар ҷангали анбӯҳ гум шуд. (Мегӯянд он замон ҷангалистони ин ҷо касногузар будаасту ҳазор гуна парандаву чаранда, аз ҷумла оҳувони бешумор дар он ба сар мебурдаанд.) Чанд рӯз пас одамон боз ҳамон оҳубарраро мебинанд. Вай солиму бардам буд, аз захми танаш нишоне дида намешуд. Одамон аз будани асроре дар кори оҳубарра пай мебаранд ва рӯзҳои дароз онро дунболгирӣ мекунанд. Саранҷом оҳу онҳоро бар сари чашмае меорад, ки миёни бурсзорон ҷорӣ буд. Аҷиб он буд, ки одамон диданд, ҷонварони захмиву бемор яке паси дигар сари чашма меомаданд, аз он менӯшиданд ва ҳамон замон дард аз танашон мерафт, захмҳояшон шифо меёфт. Лек баробари ба чашма хӯрдани нигоҳи одамон об аз назар пинҳон гашт. Пас аз он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё