Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охир, ту дигар танҳоӣ. Куҷост он ғуруру сари баланд ва панҷаҳои оҳанинат. Ҳатто уқоббачаҳоят туро суроғ намекунанд. Ҳамсарат – уқоби мода ҳам туро кайҳо тарк кардааст...
Уқоби пир аз нигоҳи таҳқиромезу манфури лошахӯр ҳамаашро фаҳмид. Боз аламаш кард, хорияш омад. Ба зиндагӣ ва қонунҳои нонавиштаи он лаънат хонд...
Уқоби пир дигар ҳаромхӯрии лошахӯрҳоро гӯё фаромӯш кард. Надид, ки каргасҳо барои луқмаи ҳаром гӯшти танаи якдигарро меканданд. Ба тӯъмаи гандида минқор мезаданду мағалу шӯр мехест. Пару мижаҳояшон мерехт. Вале онҳо аз болои ҷасад дур шудан намехостанд. Мурдахӯрҳои гурусна бо ҳавас ба чашму косахонаи сари хар минқор мезаданду лаззат мебурданд...
Уқоби пирро таънаи ноҷои лошахӯри сиёҳ сахт хафаву хаста кард. Ӯ боз ба гирдоби хаёл рафта, уқоббачаҳояшро ба хотир овард...
Худро дар баландиҳои осмони софу беғубор дид, паҳлӯяш уқобчаҳо-ҷигаргӯшаҳояш парвоз доштанд. Ин баландиҳо ягона манзиле ба ҳисоб мерафт, ки дар он уқоб санъату маҳораташро намоиш медод. Ба чӯҷаҳои навболаш дарси ҳунару ҷасорат меомӯхт. Бо шаст парвоз карда, гоҳе ғунча шуда, сарозер мерафт, боз яке боло шуда, тирвор ба уфуқҳо мепарид. Худаш аз парвози зебояш завқ мебурд. Аз худи ҳамон дуриҳо замини зеборо тамошо мекард.
Чӣ лаҳзаҳои нотакрору гуворое буданд он соатҳо. Уқоби нотарс танҳо ана ҳамон давра, ҳини парвоз бо фарзандонаш маззаи хушбахтиро чашида буд. Вале фарзандҳо бевафоянд.
Онҳо аз падари худ – уқоби далер ҳунару санъати парвозу шикорро омӯхтанду баъд лонаи худро тарк кардаву падари меҳрубони худро фаромӯш намуданд. Аммо уқоби пир аз гузашта он қадар гиламанд нест. Зеро ӯ ба ҷигаргӯшаҳояш ҳалол хӯрдан, луқмаи тоза ба даст оварданро омӯхт. Фаҳмонд, ки ҳаргиз ҳаромхӯрӣ накунанд, то дами марг луқмаи ҳалол шикор карда, ҳаёт ба сар баранд. Шояд уқоби пир аз ин одати ирсӣ огоҳӣ дошт, шояд мефаҳмид, оқибати корро медид...
Уқоб рӯзҳои аввал бо ҳамҷинсаш зиндагии ширине дошт.
Бо ҳам ба шикор мебаромаданд. Ҳини шикор уқоби мода ба

пешина
аз 193
навбатӣ