Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дешаю хаёл мекард. Ҳеҷ бовараш намеомад, ки ана ҳамин тавр, ба таври осону одӣ аз ин ҷонвари вафодор якумра халос мешавад...
Соҳиби саг солҳои охир зиндагии вазнин дошт. Бо маоши муаллимӣ рӯзаш базӯр мегузашт. Акнун имконияти шикор кардан ҳам надошт, рӯздармиён ба кори мактаб андармон буду халос. Вале рӯзгораш беҳ нашуд. Маоши ночизи омӯзгорӣ рӯзгорашро гарон кард, моҳҳои дароз дар сараш як фикр чарх мезад. Чӣ кор кунад, ки ақаллан дигарҳо барин зиндагии миёна дошта бошад. Ҳамин ки аз мактаб меомад, боз танҳо мемонду фикру андешаи пайдо намудани пул дар зиндагӣ оромаш намегузошт. Дар ин лаҳзаҳо ягона ғамбардораш ҳамин саг буд.
Як вақт зиндагӣ бисёр ҳолашро ба танг овард. Чанд моҳ бе пул монду баъд бозор ба бозор, аз пайи ёфтани ягон кор шуд. Ҳини пурсуҷӯй дар бозорҳо оқибат сагбозор омад. Дар ин ҷо дид, ки одамон бо пули калон сагҳоро ба якдигар ҷанг меандозанд. Ӯ чанд рӯз ҷанги миёни сагҳо ва пулмониро тамошо карда, дудила шуд. Умедашро аз сагаш канд. Ба таври худ хулоса кард, ки саги пираш дигар қудрати ҷангиданро ҳаргиз надорад.
Ҳамин ки ба ҷанги сагҳо чашм медӯхту бастаҳои пулро медид, дилаш гум мезад. Мехост ӯ ҳам соҳиби пул шавад. Аммо чӣ тавр, бо кадом роҳ, инашро ҳоло намедонист.
Ҷонвари пир бошад, ҳамаашро нағз фаҳмид, ӯ ҳар замон фукашро миёни пойҳои соҳибаш монда, попӯшҳои вайро мелесид. Дум меликонду садоқату муҳаббати худро нишон медод. Саги пирро баъзан ҳаракату суханҳои бепарвоёнаи соҳибаш ба ҳайрат меовард. Ҷонварро аламаш мекард, ки инсон ба қадри некиҳои саг намерасад. Дӯсти вафодорашро зуд фаромӯш мекунад. Инсон боре ба ёд намеорад, ки зиёда аз даҳ-понздаҳ сол боз ҳамин саг хонаашро посбонӣ дорад. Чаро одамон зуд некиҳоро фаромӯш месозанд ё шояд табиати одамӣ ҳамин хел бошад.
... Саги пир кайҳо пайхас карда буд, ки соҳибаш аз ӯ чизеро интизор аст. Балки ҷонвари рамузфаҳм аз мушкилоти зиндагии соҳибаш хуб огаҳӣ дошт ва омода буд, ки ҳар як амру фармони соҳибашро иҷро намояд...
Ҷунайдро дилаш намешуд, ки саги пирашро ҷанг андозад.

пешина
аз 193
навбатӣ