Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ВАФОДОР

Саги пир ҷон меканд, боз азоб мекашид, ин дафъа азоби ҷонвар посбонии хона ё пешгир кардани нохалафе набуд, балки саг мехост, ҳамин хел осонакак, бе азоб ҷон диҳад.
Намехост, ки марги вай боиси ранҷи соҳибаш гардад.
Соҳиби саги пир марди миёнаумр Ҳайдари чӯлоқ ҳиҷ аз назди саги вафодораш дур намешуд. Ӯ ба тани ларзони саг, чашмони обраваш нигариста, афсӯс мехӯрд, ки аз сагаш ҷудо мешавад – охир, ӯ кам не, понздаҳ сол боз бо ҳамин саг аст. Тӯли ин солҳо саг хизматгори беминнати аҳли оила буд.
Дар ин давра саг корҳои хайре кард, нагузошт, ки нигоҳи нохалафе ба ин хона расад. Вале сад афсӯс, ки саги пир ҳоло охирин соатҳои умрашро мегузаронд. Аз зӯрии дард нолиши пасте карда, фукашро миёни пойҳояш мебурд.
Ҳақу ҳамсояҳо озурдаҳолии Ҳайдари чӯлоқро дида, дилбардориаш карданд, гуфтанд, ки ғам нахӯрад, чӣ бисёр – саг.
Ина бурда парто, бигузор дар ягон ҷои дуртар, берун аз деҳа ҷон диҳад. Ҳаминам одамгарӣ шуд, наход, инсон барои саг ғам хӯрад?!
Ҳайдари чӯлоқ ба ин гуна гапҳо аҳамият намедод.
Кӯрнамакӣ, носипосии инсонҳо аламашро меовард, вале дандон ба дандон монда тоқат дошт... Боз сари сагашро сила кард. Ҳине ки пушти сагро мемолид, саги пир мисли кӯдаки касалманд ғунча зада, базӯр овози пасте бароварда, гӯё арзи миннатдорӣ мекард. Мардак фаҳмид, ки саг чӣ мехоҳад. Саги пир низ рамузфаҳм буд. Ақл дошт, забон кушода гӯё мегуфт:
– Пиҳилам кун, пиҳил...
Мардак ашкашро базӯр нигоҳ дошта, зери лаб гуфт: – Пиҳилат кардам, эй саги вафодор, дӯсти беминнатам.
Ин дам ӯро ҳикмате ёд омад: «Ҷуз саг дар ин дунё ёри вафодоре нест».
Ҳайдари чӯлоқ дигар тоқати дидани ҷонкании дӯсташро надошт. Ӯ, ки дар умри худ маргу мурдаи бисёреро дидааст, ин дам назди ҷисми нимҷони саги пир музтар монд. Дигар

пешина
аз 193
навбатӣ