МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Нолаю фарёди аспҳои бадбахт ба ҳаво баланд мешуд:
Мешикофиданд танҳошон ба неш,
То бурун оранд пайконҳо зи реш.
Хар ин ҳолати зору низори аспҳоро дид, аз гуфтаҳои худ пушаймон шуд, гуфт:
–Эй Худованд, маро бибахш! Ман аз ҳолу рўзгори худ хушнудам ва ҷойи он аспҳо будан ҳаргиз намехоҳам.
Он хар онро диду мегуфт: «Эй Худо!
Ман ба фақру офият додам ризо.
З-он наво безораму з-он захми зишт,
Ҳар кӣ хоҳад офият, дунё биҳишт».
ДОСТОНИ
ШАЙХ МУҲАММАДИ САРРОЗӢ
Дар шаҳри Ғазнин зоҳиде буд, ки ўро Саррозӣ меномиданд. Ў муддати ҳафт соли тамом рўза гирифта рўзаашро фақат бо гиёҳ мекушод.
Бо вуҷуди ин ки ба ҷуз иҷрои фармонҳои Худо кори дигаре накарда, гуноҳе аз ў сар назада ва асрори ғайб ба ў зиёда ошкор шуда буд, боз дархости дидори Яздони покро дошт. Ин орзу дар сари ў чунон мустаҳкам ҷой гирифт, ки рўзе ба сари кўҳи баланд рафт ва даст ба дуо бардошта гуфт:
– Агар ин хоҳиши ман амалӣ нашавад, худро ба куштан хоҳам дод.
Чун хабаре нашуд, худро аз болои кўҳи баланд ба зер партофт. Аз қазо дар болои поруҷойи пур аз об афтод ва осебе надид. Касе, ки дар талаби марг буд, зиндагӣ ба ў рў намуд. Ҳайрону саргашта рў ба саҳро ниҳод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо