МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Вай ошиқи дидори Худо буду сар ба фармони ў дошт ва ҳама чизро фаромўш карда буд:
Ошиқи ишқи Худо в-он гоҳ музд?
Ҷабрайили мўътаман в-он гоҳ дузд?
Ошиқи он Лайлии кўру кабуд,
Мулки олам пеши ў як тарра буд.
Пеши ў яксон шуда буд хоку зар,
Зар чӣ бошад, ки набуд ҷонро хатар.
Ишқ ҷўшад баҳрро монанди дег,
Ишқ сояд кўҳро монанди рег.
Ишқ бишкофад фалакро сад шикоф,
Ишқ ларзонад заминро аз газоф.
Пас аз он шайх дар шаҳр мегашту гадоӣ мекард ва ҳар чӣ ба даст меовард, ба бечорагон мебахшид. Як рўз чаҳор бор барои гадоӣ ба дари хонаи амири шаҳр рафт ва ҳар бор ягон чизе меситонд. Бори чаҳорум амири хашмгиншуда фарёд зад:
–Аз бешармии ту дар ҳайратам. Монанди ту ягон гадои беобрў надидаам!
Кист ин ҷо шайх! Андар банди ту?
Ман надидам наргадо монанди ту.
Шайх гуфт:
–Эй амир, ман бандаам ва фармони Худовандро иҷро мекунам. Агар барои сер кардани шиками худам мебуд, онро пора мекардаму гадоӣ намекардам. Ман ҳафт сол боз ғайр аз гиёҳ чизе нахўрдаам ва дар банди шикам набудаам.
Бо ин суханҳо шайх ба гиря даромад ва ашкҳо рехт.
Ростии гуфтори шайх дар дили амир асар кард. Ў ҳам ба гиря даромад ва аз шайх узрҳо хосту гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо