МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Агар қисса бештар бигўям, либос кам меояд ва ҷомаат кўтоҳу танг хоҳад шуд.
Бўса афшон кард бар устод ў,
Ки ба ман баҳри Худо афсона гў.
Эй фасона гаштаву маҳв аз вуҷуд,
Чанд афсона бихоҳӣ озмуд?
Ин фасона гуфтани ман ва хандондани ту ба зиёни ту хоҳад анҷомид. Агар медонистӣ ин хандаҳо чӣ зараре ба ту меоваранд, ба ҳоли худ гиря мекардӣ!
Сўфӣ гуфт:
–Худованде, ки аз дарахти сарсабз оташ берун медиҳад ва аз хор гулу аз замистон баҳор меоварад, дарди сар, ғаму нодорӣ ва дармондагиро аз сари мардум дур карда метавонад.
Он ки гул орад бурун аз айни хор,
Ҳам тавонад кард ин дайро баҳор.
Он ки з-ў ҳар сарв озодӣ кунад,
Қодир аст ар ғуссаро шодӣ кунад.
Қозӣ гуфт:
– Агар дарди сар заҳмат намедошт ва хубу бад, зишту зебо ва сангу гавҳар намебуд, фарқи байни донову нодон ва тавоною нотавон ошкор мешуд? Агар тобистон набошад, пунба ба даст намеояд, агар зимистон набошад, ях намебуд. Пас, дар ҳар ранҷе неъмате ҳаст ва баъд аз ҳар сахтӣ роҳате. Худованд ҷаҳонро дар пояи зиддиятҳо офаридааст. Вақте ғамнок мешавӣ, бояд аз хушҳолиҳо ёд кунӣ ва ҳангоми навмедӣ аз лутфи Худо дил набурӣ, ки дар навмедӣ басе умед аст. Ҳар гоҳ аз надоштани чизе дучори ғусса мешавӣ, ба доштани он чӣ дорӣ, биандеш, зеро агар дуруст фикр кунӣ, он чӣ дорӣ, беш аз он аст, ки надорӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо