МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ин сухан поён надорад, ҳар се ёр Рў ба ҳам карданд он дам ёрвор.
Марди яҳудӣ гуфт:
–Хоб дидам, ки ҳамроҳи Мўсо (а) ба кўҳи Тур рафтем. Чун ба он расидем, ҳар се ғарқи нур шудем:
Гуфт: «Дар раҳ Мўсиям омад ба пеш»,
Гурба бинад дунба андар хоби хеш.
«Дар пайи Мўсо шудам то кўҳи Тур,
Ҳарсемон гаштем нопайдо зи нур».
Кўҳ шикофта шуда, се пора шуд. Яке ба сўйи баҳри шўр рафта ва оби он ширин шуд, пораи дигар дар замин фурў рафт ва чашмае баромад, ки оби он дармони дарди ҳар ранҷур буд. Пораи сеюм ба Каъба ва Арафот пайваст. Аз он руъё берун омадам, кўҳ ба ҷойи худ буд.
Лекин дар зери пойи Мўсо (а) монанди ях меҷўшид, то ин ки ба замин ҳамвор шуд ва зеру забар гардид. Пас аз он дидам, ки боз кўҳ ва Мўсо ба ҳоли нахуст даромаданд ва биёбон пур аз мардум аст ва ҳама дар шакли Мўсо ҳастанду либосу асои ўро бо худ доранд ва ба сўйи Тур меравад. Баъд чунон шуд, ки ҳамаи онҳо ба сурати худ баргаштанд, гўё ки онҳо паёмбарони гузашта буданд. Ва ман донистам, ки паёмбарон ҳама як нафси воҳид ва монанди ҳам ҳастанд.
З-ин насақ мегуфт он шахси ҷуҳуд,
Бас ҷуҳуде, к-охираш маҳмуд буд.
Ҳеч кофирро ба хорӣ мангаред,
Ки мусалмон мурданаш бошад умед.
Чӣ хабар дорӣ зи хатми умри ў?
То бигардонӣ аз ў якбора рў.
Баъд навбати насронӣ расид. Ў ҳам гуфт, ки ҳазрати Исоро хоб дидааст ва бо ў то осмони чаҳорум боло рафта, шигифтиҳои фаровонро ба чашм дидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо