Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ақидаи Сепир, мафҳумҳои якум ва чорум дар ҳамаи забонҳо мушоҳида мешавад, зеро забон бе калима ва синтаксис шуда наметавонад, вале мафҳумҳои дуюм ва сеюм дар як гурӯҳ забонҳо мушоҳида нашуданаш ҳам мумкин аст.
Блумфилд бошад, асосгузори лингвистикаи дескриптивист. Ӯ дар яке аз асарҳои аввалини худ «Муқаддимаи омӯзиши забон» ба «Психологияи халқҳо»-и В.Вундт такя намуда бошад, вале аз соли 1926 Блумфилд ба принсипҳои бихевиоризм (омӯзиши одобу ахлоқи одамон) такя менамояд ва ин ақида дар асари машҳури ӯ «Забон» (1933) инъикос ёфтааст. Ин ақидаро Блумфилд механитсизм меномад. Ӯ ба муқобили психологизм дар забоншиносӣ баромада, забонро тамоман аз шуур ҷудо мекунад ва онро ҳамчун системаи сигналҳои рафтору одоби одамонро муайянкунанда мефаҳмад. Забон, ба фикри Блумфилд, пулест байни ду системаи асабҳои ҳамсӯҳбатон. Дар нутқи одамон, - мегӯяд Блумфилд, - овозҳои гуногун маъноҳои гуногунро ифода мекунанд.
Овозҳо (фонемаҳо) ба сабаби маънофарқкуниашон диққати ӯро ҷалб кардаанд.
Забон системаи сигналҳоест, ки алоқаи берунӣ ва дохилӣ дорад ва аз ин рӯ, забоншиносӣ ба металингвистика (долингвистика) ва микролингвистика (лингвистика) ҷудо мешавад.
Металингвистика шохаи забоншиносиест, ки ҷиҳати маъноии забонро дар алоқамандӣ бо тафаккур ва ҳаёти ҷамъиятии соҳибони онро чун шарти зарурии дохил гардидан ба моҳияти воҳидҳои забон ва амали қонунии онҳо меомӯзад, бинобар он вай чунин илмҳоро – этнолингвистика, фонетика (ки хусусиятҳои акустикӣ ва артикулятсионии овозҳоро меомӯзад) ва паралингвистика (ки имову ишора, интонатсия ва ғр.

пешина
аз 210
навбатӣ